Ифтитоҳи маркази нави таълимии гумрукчиён
Душанбе, 22 январ. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).- «Таъмини назорати воридот ва бехатарии марзҳо»- (EXBS) таҳти чунин ном Сафорати ИМА дар Душанбе, маркази таълимии дарсҳои амалиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кӯмаки бебозгашт дастрас намуд. Тавре, ки дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маркази мазкур ҳамчун ҷузъи аслии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумрук, дар такмили омӯзиши касбии ҳайати гумрук бо шаклу усулҳои пешгирӣ ва зуд ошкор намудани силоҳи қатли ом (СҚО) ва васоити марбут ба он, инчунин силоҳи маъмулӣ кӯмаки назаррас мерасонад. Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи расмӣ дар маркази мазкур, воқеъ дар дидбонгоҳи «Айнӣ» — и шаҳри Душанбе сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт иштирок доштааст.Гуфта мешавад, ки Сафорати ИМА ба Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳайси кӯмаки бебозгашт маркази таълимӣ бо арзиши умумии зиёда аз ду миллион доллари амрикоӣ дастрас намуд, ки он иқтидори Тоҷикистонро дар таъмини амнияти марзҳои он беҳтар хоҳад кард.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






