Ифтитоҳи толори Азалшо Олимов дар Рӯшон
Рӯшон, 8 январ. (АМИТ»Ховар», Файз Мирасан).- Дар маркази ноҳияи Рӯшон толори нави варзишӣ ба истифода дода шуд. Бо пешниҳоди варзишгарон ба ин толори барҳаво номи нахустин чемпиони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз намуди гӯштини самбо аз Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон Азалшо Олимов гузошта шуд. Дар ифтитоҳи толори варзишӣ масъулини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шогирдони ин паҳлавони шинохтаи кишвар ва ҷаҳон, собиқадорони соҳаи варзиш, ғолибони сабқатҳои ватанию байналмилалӣ ширкат доштанд. Раиси ноҳия Худоёр Худоёров гуфт, ки ин ҳама дастовардҳо ва пешравиҳои соҳаи варзиш маҳз баъди силсиласуҳбатҳои Сарвари давлат бо варзишгарон ба амал омаданд. Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳои худ таъкид дошт, ки яке аз беҳтарин маконҳои муаррифии кишвари Тоҷикистон барои ҷаҳониён- ин майдону толорҳои варзишӣ мебошанд. Раиси ноҳия аз хизматҳои Азалшо Олимов дар риштаи варзиши ҷумҳурӣ ва тарбияи варзишгарони ҷавон ёдовар шуда, баён дошт, ки ӯ аз нахустин тоҷикписароне буд, ки дар сатҳи собиқ давлати шӯравӣ унвони қаҳрамониро дар риштаи гӯштини самбо соҳиб гашт ва миллату давлати моро барои дигар кишварҳо муаррифӣ кард.Баъдан шогирдаш Саидмуъмин Раҳимов дар сатҳи ҷаҳонӣ унвони қаҳрамониро ба даст овард ва номи устодашро дуввумбора вирди забонҳо гардонд. Раиси ноҳия ба собиқадорони варзиш, ки иддае аз онҳо ҳамроҳи Азалшо Олимов дар як толор тамрин намуда буданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






