Камбудиҳои хизматгузориҳои банкоматӣ бартараф шуданд

Январь 10, 2014 11:29

Душанбе, 10 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Ҳафтаи гузашта ба телефони «Боварӣ», ки дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият дорад, аз тарафи шаҳрвандон чанд шикоят ва пешниҳод ворид гардид.  Аз ҷумла, шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб ҷиҳати кор накардани банкоматҳои бонкҳои ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, БДА “Амонатбонк”, мавҷуд набудани пули нақд ва пеш омадани мушкилот ҳангоми гирифтани маблағ дар онҳо шикоят намуданд. Тавре ки аз Хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, дар ҳамкорӣ бо кормандони масъули бонкҳои хизматгузор масъалаҳои ба миён омада бо андешидани тадбирҳои фаврӣ ҳал гардиданд. Тавре ки маълум гардид, банкоматҳои мазкур бинобар сабаби қатъ шудани барқ ва нуқсони техникӣ муваққатан аз фаъолият бозмонда, бо кӯшишҳои муштараки масъулин дар муддати аз як то якуним соат дубора фаъол гардиданд.

Январь 10, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш