КФО доварони бозии «Равшан»-у “Ал Ярмук”-ро муайян кард

Январь 3, 2014 10:05

Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) доварони бозии дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва “Ал Ярмук”-и Яманро дар плей-оффи Ҷоми АФК-2014 маълум кард.Тавре ки дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, дар дидори дастаҳо, ки дар мизбонии дастаи «Равшан» доир мегардад, доварони малайзиягӣ ин бозиро доварӣ мекунанд.Ёдрас мешавем, ки дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар плей-офф 2-юми феврал дар майдони худ, ки варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қурғонтеппаро интихоб карда буд, бо қаҳрамони Яман — «Ал Ярмук» рақобат мекунад. Дар бозии дигари интихобӣ “Ал Даҳрия»-и Фаластин дар майдони худ бо қаҳрамони Қирғизистон — дастаи «Олой»-и Ӯш вориди рақобат мешавад.

Январь 3, 2014 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш