Корманди АНМН дастгир шуд
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар оғози моҳи декабри соли гузашта дар бораи бо унсурони ҷинояткор ҳамкорӣ доштани кормандашон маълумоти фаврӣ гирифта буданд. Мувофиқи хабари Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, кормандони агентӣ дар ҷараёни амалиёти махсус ин шахсро дастгир намуданд. Дар ҷараёни амалиёт ҳамчунин ҳамаи шахсони ҷинояткор низ дастгир шуданд, ки аз ҷумлаи онҳо ду нафарашон дар гузашта дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар иштирок доштанд. Ҳангоми ин амалиёт 2 килограмму 930 грамм героин ва 1 килограмм гашиш мусодира гардид. Дар ҳоли ҳозир парвандаи ҷинояткорон барои баррассии минбаъда ба прокуратураи вилоят супурда шудааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






