Коршинос: гап сари он нест, ки аввал кӣ оташ кушодааст
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).- Ихтилофи сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон 11 январи соли 2014, ки боиси тирпарронии ҳар ду тараф гардид, ғалоғулаи зиёдеро ба миён овард. Ҳатто овозаҳо дар бораи ҷанг паҳн шудан гирифтанд. Ҳоло вазъият оромтар гардидааст: ҷонибҳо аҳд карданд, ки дар давоми ду рӯз қӯшунҳоро аз қитъаҳои мусолиҳанашудаи сарҳади муштарак дар мавқеи анклави Ворухи Тоҷикистон ва ноҳияи Боткенти Қирғизистон, ки ихтилофи мусаллаҳона дар он ҷо рӯй дод, ақиб баранд. Вале, ба фикри коршиносон, кор ба дараҷаи пурра ҳал шудани ин вазъият ҳанӯз нарасидааст.Коршиноси муътабари масоили Осиёи Марказӣ, доктори илми таърих, шарқшинос Александр Князев зимни мусоҳиба бо Дафтари иттилооти Notum диди худро перомуни мушкилоту усулҳои ҳалли ин ҳодиса баён кард. Алексанр Алексеевич, Шумо муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистонро дар ҳошияи равобити байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна тавсиф мекардед?Ҳамаи давраҳои муносибатҳои пасошӯравии Қирғизистону Тоҷикистон, хусусан дар манзари муносибатҳои мураккабу баъзан комилан ҳарифонаи ҶҚ ва ҶТ бо Ӯзбекистон басо некҳоҳона ба назар мерасиданд. Вале ин акси оина буд. Ихтилофи байни турку форсҳо дар сатҳи ичтимоию фарҳангӣ, мухолифати кӯчманчиён бо кишоварзон, тасаввуроти таърихӣ дар бораи кӯчманчиён, ки аҷдодони тоҷиконро аз масоҳати бузурги минтақа пеш карда буданд, ҳамаи ин ҳамеша мадди назар буд. Чун мураккабиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ дар мисоли мушаххаси минтақаи Исфара, ки мо дар бораи он ҳарф мезанем. Ҳар кадоми ҷонибҳо дар мавриди ҳодисаи 11 январи соли 2014 тафсири усулии худро доранд, вале дар ҳар маврид ягон ҷониб аввал шурӯъ кардааст. Ҳоло ин, шояд, на он қадар муҳим аст, зеро муноқишаҳо дар ин минтақаи сарҳад зуд – зуд сар мезананд. Вале, бо вуҷуди ин ҳам, ба фикри Шумо чӣ рух дод, ривояти кӣ «ҳақиқатпазиртар» ба назар мерасад ва оё истифодаи яроқ ва тирпарронӣ аз миномётҳо асос дошт?Ҳоло аз тарафи кӣ сар шудани тирпарронӣ масъалаи асосӣ нест. Масъалаи асосӣ он аст, ки мувофиқаҳои дутарафаро кӣ ва чӣ гуна вайрон кардааст. Ҷониби Қирғизистон бо аз нав сар кардани сохтмони роҳ дар қитъаи аниқнашудаи сарҳад ин мувофиқаро вайрон кард. Сабаби ихтилофот давом додани сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой — Тандиқ аз ҷониби Қирғизистон дониста мешавад, ки Тоҷикистон зидди он эътироз мекунад. Оё ин сабаби ягона аст, чаро сарҳад то ҳол демаркатсия нашудааст ва оё ҷонибҳо дар ин масъала умуман кӯшиши ҷиддӣ кардаанд? Сабаби асосӣ иборат аз норозигии доимии ҳар ду ҳудуди ҳамсарҳад вобаста ба муддати даҳсолаҳо ҳал нашудани проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Ин чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Қирғизистон бо тарзи гуногун ва дар шаклҳои мухталиф ба назар мерасад. Бар замми ин беаҳамиятӣ дар масъалаҳои сарҳад низ ба назар мерасад. Ин мушкилоти на фақат сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, балки мушкилоти сарҳади Қирғизистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон мебошад, гарчи дар мавриди охирин сатҳи шиддат хеле паст аст. Бо вуҷуди ин ҳам, Қирғизистон, нисбат ба Қазоқистон даъвоҳои марзӣ дорад. Ин даъвоҳо на аз шахсони расмӣ, балки аксаран аз мухолифин ба гӯш мерасанд, вале ба ҳама фаҳмост, ки дар сурати мавҷуд будани бесарусомонии Қирғизистон ин мардум ҳар лаҳза метавонанд ҷойҳояшонро иваз кунанд. Ин барои Қирғизистон дар навбати аввал масъалаи беасосии давлат чун ниҳоди идораи ҷомеа ба шумор меравад. Ҳама шуниданд, ки дар сарҳад тирпарроӣ сар зад. Ҳамчунин маълум шуд, ки сокинони Боткент аз 11 январ занону кӯдаконро аз хонаҳояшон берун карданд… Бо вуҷуди ин ҳам, мавқеи расмии ҷонибҳо чӣ гуна буд ва оё ин мавқеъ қобили қабул буд, ё он, баръакс, вазъиятро муташанниҷ месохт?Ман хусусан аз ҷониби Тоҷикистон ягон изҳоротеро, ки вазъиятро муташанниҷ созад, ҳис накардам. Дар Қирғизистон ноиби Сарвазир оид ба мудофиа Тоқтоқучуқ Мамитов дар рӯзи аввал изҳор дошт, ки сабаби ихтилоф амали банақшагирифтаи ҳукуматдорони Тоҷикистон аст. Шахсони расмии Душанбе ба додани изҳорот ва алалхусус ба додани изҳорот дар бораи ин гуна айбномаҳо шитоб накарданд. Дар он ҷо ҳатто журналистон мақомоти қудратиро, ки воқеаҳоро шарҳ медиҳанд, айбдор намуданд, ҳатто сухан дар бораи «ҷанги иттилоотӣ» — ро бохтани Тоҷикистон мерафт. Дар Қирғизистон итоатгарони Мамитов ба васоити ахбори омма дар бораи он борҳо хабарҳои иғвогарона медоданд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон шабона ҳамла кардааст, қӯшунҳо ҷамъ оварда шуданд ва ғайра. Асли иғво аз Бишкек манша мегирад, ки бояд ба ҷузъиёти он сарфаҳм рафт.Баъди тирандозӣ Қирғизистон марзи худро бо Тоҷикистон баста, 14 январ бошад, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон Урмат Саралаев- сафири худ дар Душанберо барои машварат бозхонд. Муҳлати баргашти ӯро то ба поён расидани таҳқиқот оид ба даргириҳои сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, номуайян гузошт. Чаро Қирғизистон мавқеи худро ҳамчун «ҷониби ҷабрдида» ин қадар ба маърази намоиш гузоштааст? Дар воқеъ ин амал ба чӣ марбут аст ва Бишкек аз ин чӣ судеро бурдан мехоҳад? Оё дар Душанбе ягон тадбири симметрии ҷавобӣ дида шуд?Боткент барои Қирғизистон – минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ ҷудошудаи, тақрибан бунбастшуда ва бисёр печида аст. Ва, идомаи мухолифатҳои мусаллаҳона яроқи ягонаи воқеии Бишкек аз лиҳози пуркунии фазои иттилоотӣ бо тафсирҳои худӣ ва ҷалби қувваҳои сеюм мебошад. СААД, ки муваззаф нест дар чунин ихтилофҳо ширкат намояд, билофосила худро аз ҳама гуна дахолат дур сохт. Шояд онҳо мехостанд САҲА ё бархе дигар аз танзимотро даъват созанд, то авлаввият ба даст оранд… Мавқеи Душанбе дар қазияи мазкур таҳрикомез набуд.Оё мавқеи кишварҳои ҳамсоя – ё, шояд ҳамсояи на он қадар наздики Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба даргирии мазкур маълум аст? Иттилооте расида буд, ки Тошканд фаъолона Душанберо ба ҷанг тела медод? Ҳеҷ гуна вокунише аз ҷониби онҳо набуд, зеро муносибот бо ҳамсоякишварҳои наздик он қадар сода нест. Бо Тошканд, чун бо Бишкек муносиботи Душанбе ғайридӯстона унвон дода мешавад, ҳатто аз он ҳам бадтар, то ҳадди реҷаи раводидӣ ва қатъи ҳама гуна робитаҳои нақлиётӣ тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Ва дар чунин даргирӣ шахсан ман манфиате барои Тошканд, намебинам. Дар он ҷо то худи Тошканд, камтар аз 200 километр то шаҳр, минтақаҳои мушкилсози Намангон, Қӯқанд, Фарғона ва ғ. ҷойгиранд. Чунин фикр мекунам, ки дар Тошканд хабари даргирии мазкур боиси дарди сари навбатӣ гардидааст. Мавқеи Қазоқистон барои касе аён нест. Танҳо маълум аст, ки он дар доирае қарор дорад, ки роҳбарияти СААД барояш иброз дошта буд. Дар танҳоӣ ба ин даргирӣ дахолат намудани Қазоқистон ҳеҷ зарурате надорад. Кишвари Чин чун анъана рафти қазияро назорат намуд. Дар Афғонистон бошад, бе ин ҳам мушкилоти худашон кифоя аст. Ба ақидаи Шумо ин мухолифат бо чӣ меанҷомад? Оё дар ин қазия миёнҷӣ лозим аст? Кӣ ва ё чӣ омиле метавонад ба қатъ шудани шиддатнокӣ ва набард мусоидат намояд?Дар ин ҷо барои роҳандозии манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар дар ду пойтахт -дар Бишкек ва Душанбе ҳокимияти қонеъкунандаву амалкунанда лозим аст. Омили дигаре вуҷуд надорад.Манбаъ: Notum.info








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






