Марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз куҷо бояд гузарад?
Душанбе, 17 январ (АМИТ «Ховар»).- Мутобиқи нақшаҳо, харитаҳои тақсимотии маъмурӣ ва санадҳои меъёрии замони Иттиҳоди Шӯравӣ дарозии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳудуди вилояти Суғд 514 км-ро дар бар мегирад, ки тақсимоти он дар навоҳии вилояти мазкур бад-ин қарор аст: дар ноҳияи Мастчоҳ – 157 км, дар ноҳияи Ғончӣ -56 км, дар ноҳияи Спитамен – 17 км, дар ноҳияи Конибодом – 43 км ва дар ноҳияи Исфара – 186 км. Ҳудуди 145 ҳаз. 200 га замини наздисарҳадии ноҳияҳои Мастчоҳ, Ғончӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен қаламрави баҳсбарангез ба шумор меравад. Дар ҳоли ҳозир 143 га тавассути сокинони Қирғизистон ва 2200 га-и он аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамчун чарогоҳ истифода бурда мешавад. Дар тӯли ҷаласоти комисюни муштарак ҷониби Тоҷикистон чандин маротиба роҳҳои тақсимоти заминҳои баҳсбарангезро ироа кардааст, вале масъулони Қирғизистон дар муқобили онҳо мутлақан рад баромадаанд. Ҷониби Қирғизистон ба Қарордоди оид ба таъсис додани ИДМ (с.1991), Изҳороти Алмаато (с.1991) ва Созишномаи Маскав (аз 15.04.1994с.) оид ба мустақилият, дахлнопазирӣ ва тамомияти арзӣ такя намуда, пешниҳод мекунад, ки хати сарҳади давлатӣ мутобиқи истифодаи воқеии он бояд кашида шавад. Ҳамин тариқ, ҶҚ дар доираи фаъолияти комисиюни байнидавлатӣ, бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии мазкур, аз шинохти марзҳои ду кишвар мутобиқи санадҳои меъёрии замони муосир худдорӣ мекунад. Дар ин бобат байни Тоҷикистону Қирғизистон вохӯриҳои зиёде гузаронида шудааст. 21 сентябри соли 2000 комисиюни байнидавлатӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатӣ бо ҶҚ таъсис ёфта, ба фаъолияти худ оғоз намуд. Вале аз рӯзи аввали таъсис ёфтани комисиюни мазкур ҷонибҳо оид ба масоили истифодаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба созиш омада натавонистанд. Ҷониби Тоҷикистон истифодаи маводҳои марбут ба тақсимоти миллӣ-территориявии солҳои 1924-1927-ро пешниҳод намуд. Вале Қирғизистон талқин менамуд, ки қарори комисюни муштараки соли 1989 истифода гардад. Ҷониби Тоҷикистон, дар мавқеи худ устувор истода, исрор намуд, ки қарори комиссияи муштараки соли 1989 аз равиши ҳуқуқӣ нагузашта, бинобар ин ҳам наметавонад ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ бошад. Аммо Қирғизистон чунин далел пеш меовард, ки агар зарурати тақсимоти қаламрав дар ин миён намебуд, пас солҳои (1938, 1939, 1949, 1958, 1959, 1961, 1987, 1989) комисиюнҳои дигар таъсис дода намешуданд. Вале он комиссияҳоеро, ки ҶҚ мисол овардааст, на барои тақсимоти замин, балки барои ҳалли масоили истифода ва обёрии заминҳо таъсис дода шудаанд. Зимнан, ҳамаи онҳо низ ҳамчунин мароҳили қонунии лозимро нагузаштаанд. Дар соли 1990, бо хоҳиши Шӯрои вазирони ҶТ ва ҶҚ барои гузаронидани санҷиши ҳуқуқии санадҳои солҳои 1924-1929 оид ба тақсимоти миллӣ-территориявӣ комисиюни Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд, ки он қонунӣ будани маводҳои мазкурро тасдиқ намуд. Вале ҶҚ ин тасмимотро ба инобат намегирад. 18 октябри соли 2006 дар мавриди истифодаи санадҳо оид ба тақсимоти миллӣ-территориявии солҳои 1924-1927 ва қарори комисиюни муштараки соли 1989 дар муайянсозии хатти марзи давлатӣ дар қитъаҳо, ки онҳо ҳамзамон мутобиқи ҳар ду санад мебошанд, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд. Дар мавориде, ки агар заминҳо якбора бо ду санад мувофиқат накунад, пас бояд онҳо бетараф бошанд. Ворух ҳеҷ гоҳ дар бунбаст қарор надошт—-Дар ҳоли ҳозир 505 км (51,2%) ҳиссаи аз марзи умумӣ равиши делимитатсияро гузаштаанд. Дар нуқтаи мазкур танҳо ду қаламрави номуайян – Олтин Мазор ва Шатти (ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Мурғоб) қарор доранд. Онҳо то ба имрӯз баҳсбарангез буда, аз ҷониби комисиюн мавриди баррасӣ қарор доранд. Мушкилоти ҷониби қирғизҳо замоне сар зад, ки тақсимоти марзӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Ғончӣ оғоз гардид. Вақте сухан дар бораи ин қаламрав рафт, ҶҚ қарори он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро, ки соли 1989 қабул шуда, қаблан ба он такя мекард, якбора инкор намуда, тасмими комисиюни муштараки солҳои 1957-1959-ро, ки масъалаҳои истифодаи замин ва обёрии онро танзим намуда, ба манфиати ҶҚ аст, ҳамчун асос қарор дод. Масалан, ноҳияи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки дар он обтақсимкунанда ҷойгир аст, мутобиқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1989 ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Харитаи 1
Имрӯз Қирғизистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-1959 такя намуда, иддао мекунад, ки ноҳияи мазкур ба ӯ тааллуқ дорад. Соли 2012 чаҳор ҷаласаи муштараки комиссиюн, доир гардида, аксарияти онҳо натиҷаҳои дилхоҳ ба даст наоварданд. Ҷонибҳо ба чунин қарор омаданд, ки то пайдо намудани далелҳои кофӣ ҷаласаи муштаракро қатъ намуда, маводҳоро дар бойгониҳои Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон ҷӯё шаванд. Санадҳои меъёрии иловагии аз бойгониҳои Русия ёфтшуда мавқеи Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Дар онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳо тасдиқ ва нишон дода шудааст, ки ҳудуди Ворухи ноҳияи Исфара дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон анклав – дар бунбаст набуда, балки ба шаҳри Исфара пайваст шуда буд. Анклав (аз калимаи лотинии inclavo-бо калид қулф кардан) – ин ҳудуд ё қисме аз ҳудуди як давлат аст, ки аз ҳама самт аз ҷониби сарзамини давлати дигар иҳота шудааст. Ворух мутобиқи асноди тоза кашфшуда низ, зери чунин муқаррарот нест. Дар охири солҳои 80-ум дар даврони ҳукмронии Қаҳҳор Маҳкамов дар асоси ҳуҷҷате бо имзои собиқ раиси Шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев, дар ҳудуди байни ҷамоатҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух ба қирғизҳо барои истифодаи муваққатӣ 350 га замин ҷудо шуда буд. Ин заминҳо то ҳол боз гардонида нашудаанд. Дар робита ба ин гуфтаҳо, он далел ҷолиб аст, ки дар «Харитаи ҳудудҳои баҳсбарангез»-и ҳарбии бойгонии шӯравие, ки Тоҷикистон дастрас кардааст, аз дара (бо нишебии кӯҳҳо) ва гиреҳи обанбор, ҷое ки ҷониби Қирғизистон ҳоло қасди сохтани роҳро дорад, ҳудуди Тоҷикистон аст. Бинобар ин, чунин ба назар мерасад, ки Оқ-Сой ҳам мисли Ворух дар бунбаст қарор дорад. Ин ҳолат дар харитаи ҳарбии Амрико дар соли 1955 ҳам тасдиқ шудааст. Дар баробари ин, дар он Ворух умуман дар муҳосира — анклав номида нашуда, балки ба Тоҷикистон пайванд ва Оқ-Сой низ мутааллиқ ба Тоҷикистон омадааст.Харитаи 2 Муқовимати хушунатомезДар аввали соли 2013 аз ҷониби истиқоматкунандагони деҳаи Оқ-Сойи вилояти Боткенти Қирғизистон 3 маротиба роҳ баста, 5 ҳолати муноқишаҳои наздисарҳадӣ ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади ҳалли масоили баҳсӣ соли 2013 7 мулоқоти дуҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Боткент, шаҳри Исфара ва мақомоти қудратии ҳар ду мамлакат баргузор гардид. Аз оғози соли 2014 бошад, аллакай 3 маротиба. Вале, мутаассифона дар ҳалли ҳеҷ масоиле оид ба истифодаи обу замин, сохтмони роҳу иншоот ҷонибҳо то ба охир ба ҳалли ҳамгироӣ наомаданд. Ба гуфти раиси ҷамоати Оқ-Сой беш аз 20 миллион доллари ИМА ҷудо шудааст, то онҳо аз Оқ-Сой то дарёи Кирафшон роҳ созанд. Мақсади ниҳоии сохтмони мазкур тағйири масири дарёи Кирафшон аст, ки шохоби дарёи Исфара буда, мутааллиқ ба Тоҷикистон аст. Дар ин ҳолат Ворух, Чоркӯҳ, Исфара, Конибодом ва қисмате аз қаламрави Ӯзбекистон аз обҳои дарёи Исфара маҳрум хоҳанд монд. Ҳамчунин қирғизҳо қасд доранд дар қаламрави баҳсбарангез роҳи Оқ-Сой – Тамдиқ – Баткентро бисозанд. Дар ҳоле ки бо айби ҷониби қирғизҳо сохтмони пули байналмилалӣ ва роҳи Маскат, ки барои ҳам Тоҷикистону ҳам Қирғизистон судманд буд, мавқуф гузошта шуд. Барои аз байн бурдани ихтилофҳои марзии бепоён, ягона роҳи ҳалли созанда — ин делимитатсияи муносиб ва аломатгузории марз ба шумор меравад. Илҳом Кулиев – коршиноси мустақил








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






