Муҳокимаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Январь 7, 2014 11:56

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар»).- 6 январ Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов мулоқот намуд. Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҶТ хабар доданд, Сафири Озарбойҷон зикр намуд, ки Озарбойҷон ҷонибдори рушду таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши иқтисодиёт ва гидроэнергетика мебошад. Ҷонибҳо қайд намуданд, ки Озарбойҷону Тоҷикистон ба шарофати хирадмандии роҳбаронашон ҳамаи душвориҳоро бартараф намуда, муносибатҳои дӯстонаи байни ҳар ду халқро ривоҷу равнақ медиҳанд. Онҳо изҳор доштанд, ки муносибатҳои самимонаю дӯстонаи байни президентҳои ҳар ду кишвар ба давом додани муносибатҳо дар самтҳои мусбати ҳамаи соҳаҳо мусоидат мекунанд.Усмоналӣ Усмонов аз таҷрибаю имкониятҳои Тоҷикистон дар бахши истифодаи захираҳои оби кишвар нақл кард. Мувофиқи суханони ӯ, 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ҳиссаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳар сол дар Тоҷикистон неругоҳҳои хурду калони нав бунёд гардида, аҳолӣ ва корхонаҳоро бо неруи барқ таъмин мекунанд.Мувофиқи суханони вазир, ширкатҳои Чину Туркия ва Аврупо дар музоядаҳои оид ба бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи Тоҷикистон иштирок менамоянд, ки Озарбойҷон низ метавонад дар ин музоядаҳо ширкат намояд.

Январь 7, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш