Мусодираи зиёда аз 10 кг маводи нашъадор
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Сарбанд, дар назди терминали мусофиркашонии ноҳияи Фархор шаҳрванд Умедҷон Мирзоев, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 5 кг 851 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳамчунин, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб, аз хонаи истиқоматии шаҳрванд Абдулвоҳид Раҳимов , соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Кӯлоб 5 кг 15 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира намуданд. Муайян карда шуд, ки маводи нашъадори мазкур ба шаҳрванд Фарҳод Раҳимови 27-сола, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо тааллуқ доштааст.Нисбати далелҳои мазкур бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






