Нақшаи андоз барзиёд иҷро шуд

Январь 28, 2014 14:05

 
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Зимни нишасти матбуотӣ  раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов иброз дошт, ки  соли сипаригардида  бо кӯшишу заҳматҳои кормандони соҳа нақшаи ҷамъоварии андоз 101,0 % таъмин гардид, ҳарчанд ки мувофиқи нақша маблағи камтар пешбинӣ шуда буд. Зикр шуд, ки нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 19,1% зиёд мебошад.
     Нусратулло Давлатов ҳамчунин афзуд, ки нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо ба буҷаи ҷумҳуриявӣ соли 2013 дар қисмате, ки ба мақомоти андоз тааллуқ дорад, ба андозаи 101,2 % иҷро шуд ва ба ҷойи 1 ҳазору 841,1млн. сомонии пешбинишуда, ба буҷа 1 ҳазору 862,5 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 21,4 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
 
 
 
 

Январь 28, 2014 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш