Наҷоти амволи соҳибкорон ба маблағӣ 10 млн. сомонӣ дар «Саховат»

Январь 14, 2014 08:39

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Расиши кўтоҳи ноқилҳое, ки аз манбаи қувваи барқ ба нуқтаҳои савдо кашида шудаанд, ҳангоми хомўшу даргиронии қувваи барқ шарораи аз ноқилҳо ба амал омада, ба болопўши селофании нуқтаи савдо афтида, сабаби сар задани сўхтори шадид дар бозори «Саховат»-и Кӯлоб гардид. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД иттилоъ медиҳад.  Манбаъ меафзояд, ки бинобар сабабе, ки молу ашёи мавҷуда аз маҳсулоти синтетикӣ ва оташангез иборат буд, сўхтор дар як фурсати кўтоҳ масоҳати зиёдро фаро гирифта, дар натиҷа нуқтаҳои савдоро дар масоҳати 3028 метри мураббаъ туъмаи оташ гардонид.Барои ҳар чи зудтар хомўш кардан ва наҷот додани молу ашёи соҳибкорон аз сўхтор 16 адад воситаҳои нақлиёти оташнишонӣ, 2 адад мотопомпаҳои қисмҳои оташнишонии ноҳияҳои минтақа ва 4 адад мошинҳои обкаши шаҳри Кўлоб сафарбар шудаанд.Бо мақсади хомўш намудани сўхтор ва роҳ надодан ба паҳншавии оташ ба дигар нуқтаҳои савдо, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб, кормандони ғайриштатӣ ва дружиначиҳои ихтиёрӣ бо теъдоди 1400 нафар, кормандони прокуратура ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Кўлоб, дар маҷмўъ 2000 нафар иштирок намуданд.Ёдовар мешавем, ки сўхтор соати 2-15 дақиқаи шаб бо кўмаку дастгирӣ ва талошу кўшиши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва дигар мақомот хомўш карда шуда, ба маблағи 10 миллион сомонӣ молу амволи соҳибкорон аз нобудшавӣ наҷот дода шуд.

Январь 14, 2014 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид