Намояндагии ширкати «Возрождение» дар Тоҷикистон
Душанбе, 24 январ. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).-Имрӯз вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шавкат Бобоев бо намояндагони ширкати сохтмонии ҶДММ “Возрождение” мулоқот намуд.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо муаррифии роҳбарони намояндагиҳо ва ифтитоҳи дафтари ширкати мазкур дар Тоҷикистон ва муҳокимаи он оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои масолеҳи сохтмон, истихроҷи ангиш ва воридоти техникаҳои ёрирасон дар самти саноат аз тариқи лизингро мавриди барасӣ қарор доданд.Гуфта мешавад, ки ҳайати мазкур дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия ташриф овардааст.Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо ва ба манфиати ҷонибҳо будани ин бахшҳо иброз доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






