Ошкоркунии ҷиноят тавассути занги телефон

Январь 30, 2014 09:28

Душанбе, 30.01. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар соли 2013 аз ҷониби гурӯҳ оид ба телефони «Боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ 624 муроҷиати шаҳрвандони кишвар қабул гардид, ки ҳамаи он бо супориши бевоситаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов аз ҷониби бахшҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ мавриди тафтишу баррасии воқеъбинона қарор дода шуда, ба шаҳрвандон ҷавобҳои хаттӣ ирсол  шуданд.
Тибқи иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ, муроҷиати шаҳрвандон гуногунмазмун буда, дар баробари тақозои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳуқуқии рӯзгорашон, инчунин аз фаъолияти ғайриқаноатбахши баъзе аз кормандони милитсия низ шикоят намуданд, ки ҳамаи он зери санҷиши қатъӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, муроҷиати шаҳрванд Файзулло Мирзоев, дар бораи ба таври ошкоро мавриди ғоратгарӣ қарор гирифтанаш ворид гардид. Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ин ҷиноят шаҳрванд Сиёвуш Табаров, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир гардид. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 248 қисми 1 КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Шикояти шаҳрванд Зеварой  Алиева дар мавриди аз нархи муқарраргардида зиёд ситонидани маблағ, аз тарафи ронандаи нақлиёти мусофиркаши тамғаи «Мерседес-210», Маҳмадшо Ҳабибов ки дар хатсайри №28 хизмат мерасонидааст, ворид гардид. Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи номбурда бидуни иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ дар хатсайри мазкур машғул будааст ва нисбат ба ӯ мувофиқи моддаи 510-и КҲМ ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд ва он барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол гардид.
Хотиррасон менамоем, ки телефони «Боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ҳар нафар метавонад бевосита оид ба ҳама гуна қонуншиканӣ, бахусус ҷиноятҳои вазнин арзу шикояти худро пешниҳод намояд. 
 

Январь 30, 2014 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш