Президент хизмати кормандони ВКД-ро мусбат арзёбӣ кард

Январь 11, 2014 11:05

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). -Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ дар соли 2013 дирӯз дар Душанбе доир гардид. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов зимни он гуфт: «Соли 2013 соли баргузории як силсила чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва байналмилалӣ буд, ки дар он кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ тартибот ва амнияти ҷомеаро таъмин карда тавонистанд».Мавсуф зикр намуд, ки заҳмату хизмати кормандони мақомот, чӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва чӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мусбат арзёбӣ гардид.Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Бузмаков дар умум оид ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ дар давоми соли сипаригардидаи 2013, дар бораи дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонунвайронкуниҳо сухан гуфт. Дар ин давра бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомот 30 ҳуҷраи истиқоматӣ-хизматӣ, 49 мошини сабукрави хизматӣ барои ВКД ва кӯмакҳои моддӣ ҷудо шуд.Дар ин муддат 39 иншооти нав бунёд шуда, 116 иншоот аз нав таъмиру тармим шуд.Дар ҷаласа сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Саид Ҷӯрахонов оид ба вазъи ҷиноӣ дар шаҳри Душанбе ва фаъолияти кормандони ин соҳа дар соли сипаригардидаи соли 2013 сухан гуфт. Р. Раҳимов зимни муҳокимаи камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти ҷузъу томҳои ВКД дар соли 2013 гуфт, ки дар соли 2014 кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мешаванд, то масъулияту уҳдадориҳои ба зимма доштаашонро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу манфиат ва таъмини амнияти шаҳрвандон боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд.

Январь 11, 2014 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ