Роҳбарияти қавӣ- роҳнамои рушду суботи иқтисодӣ
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар»).-Зиёраткунандагони боғу майдонҳои бошукӯҳи Душанбе, пойтахти зебои Тоҷикистон ва водиву кӯлҳои зери кӯҳҳои барфпӯши Помирро барои фикре, ки онҳо ба биҳишт расидаанд, метавон фаҳмид. Тасаввур кардан мушкил аст, ки ҳамин боғу водиву кӯҳҳо 17 сол қабл саҳнаи ҷанги шаҳрвандии хунин шуда буданд ва ба кишвар ва иқтисоди он харобӣ оварда, ҷони беш аз 100 ҳазор нафарро рабуданд. Тоҷикистон яке аз панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ мебошад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 соҳибистиқлол гардид. Ин кишвар дар Осиёи Марказӣ кӯҳҳои баландтарин дорад, ки онҳо дар боми ҷаҳон хеле мувофиқ ҷойгиранд. Он бо Афғонистон 1340 км сарҳад дорад ва бо Чин, Покистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамсоягии бевосита ва наздик дорад. Ин мамлакат дар минтақае ҷойгир аст, ки дар он ҷангҳо, терроризм, парвариш ва фурӯши нашъа ва авҷи бунёдгароии исломӣ мавқеъ доранд. Новобаста ба ин Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон такягоҳи сулҳу осоиш, намунаи возеҳи суботи иқтисодӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Тоҷикистон якбора пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ арсаи ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки дар натиҷаи он қувваҳои мухталифи сиёсӣ бо якдигар мубориза мебурданд. Дар соли 1997 Созишнома дар бораи оташбас дар байни Президенти Тоҷиксистон Эмомалӣ Раҳмон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба имзо расид. Соли 1999 интихоботи сулҳомез баргузор гардид ва ҳукумати марказӣ ба ташаккули худ шуруъ кард.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он лаҳза ҳокимиятро устувор нигоҳ дошта, дар солҳои баъдӣ хеле соҳибнуфуз боқӣ мемонад ва дар интихоботҳои баъдӣ низ ғолиб меояд.Бо назардошти ҷойгиршавии стратегии ин кишвар Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд. Онҳо метавонанд дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон иттифоқчии созанда ва он шахсеро бинанд, ки хеле устуворона бар зидди террористҳои ҷиҳодӣ ва қочоқчиёни нашъаҷаллоб аз Афғонистон мубориза мебаранд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Русия, НАТО ва ИМА дар мубориза алайҳи терроризм фаъолона ҳамкорӣ менамояд.Тоҷикистон дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама кишвари камбизоаттарин буд ва ҳоло роҳи худро ба сӯи рушду нумуъ ёфта истодааст. Нақшаҳои бузург оид ба истифодаи неруи неругоҳҳои обию бврқӣ бояд ба ин миллат имкон диҳанд, то ниёзҳои худро ба неруи барқ қонеъ гардонад ва неруи барқи зиёдатиро ба Афғонистон ва Покистон содир намояд ва ҳамзамон имконоти болоравии иқтисодӣ ва бунёди ҷойҳои нави кориро вусъат диҳад ва ба он мусоидат намояд, ки сулҳу амният ба ин минтақаҳои ноором ва камбизоат ворид гарданд. Тоҷикистон ҳамчунин содиротчии бузурги алюминий буда, дорои захираҳои калони канданиҳои фоиданок аст, ки онро ба як маркази ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ табдил медиҳад.Он далеле, ки туризм ва бахусус, туризми экологӣ ҳоло як соҳаи хеле густаришёбандаи Тоҷикистон мебошад, возеҳан нишон медиҳад, ки чӣ қадар ин кишвари зуд рушдёбанда аз лаҳзаи ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1997 пеш рафтааст. Президенти Тоҷикистон устуворона зимоми роҳбарии Тоҷикистонро дар даст дошта, дилпурона кишварро ба сӯи ояндаи дурахшон мебарад.Струан СтивенсонВакили Парлумони Аврупо, аъзои гурӯҳи консервативӣ дар Парлумони Аврупо, Роҳбари гурӯхи байнипарлумонии Парлумони Аврупо оид ба тағийрёбии иқлим, танаввуи биологӣ ва рушди устувор.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






