Сафи занони соҳибкор зиёд мегардад

Январь 27, 2014 11:10

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Соли 2013 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои бозгаштшуда ба 3578 нафар шаҳрванди бекор барои ташкили фаъолияти соҳибкории хурд ба маблағи 11 млн. 184,3 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пардохта шуданд. Дар ин бора муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод. Бо мақсади дастгирии ташаббуси соҳибкории занон ва ҷавонон ба 1977 нафар зан дар ҳаҷми 6 млн. 341,5 ҳазор сомонӣ ва ба 1311 нафар ҷавон ба андозаи 4млн. 205,3 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд. Ин дар муқоиса ба соли 2008 аз ҳисоби занон 546 нафар ва аз ҳисоби ҷавонон 193 нафар зиёд буда, ҳаҷми маблағи қарзи имтиёзноки дар ин давра ба занону ҷавонон пардохтгардида мутаносибан ба андозаи 1 миллиону 147,3 ҳазору сомонӣ ва 2 миллиону 163,7 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Январь 27, 2014 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш