Ш.Саид: «Мо ширкатҳои Туркияро ба ҳайси сармоягузорон диданием»
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 14 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо аъзои Конфедератсияи соҳибкорону саноатчиёни Туркия — TUSCON (ТУСКОН) баргузор гардид.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз сафари ҳайати Туркия шиносоӣ бо имкониятҳои иқтисодию инвеститсионии Тоҷикистон ва муҳокимаи усулҳои имконпазири ҳамкорӣ мебошад. «Мо мехоҳем, ки ширкатҳоит Туркияро ҳар чи бештар ба ҳайси сармоягузорон бинем, зеро муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон басо мусоид аст. Барои ин лоиҳаҳои нави бахшҳои сохтмон, мошинсозӣ, нассоҷӣ, саноати сабук ва хурокворӣ мавҷуданд», — гуфт Шариф Саид.Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Туркия Ҷошкун Эркен, бояд ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, аҳли тиҷорати Туркия аз имкониятҳои ҷумҳурӣ воқиф гарданд.Ҷошкун Эркен ҳамчунин зикр намуд, ки ҷониби Туркия омодааст, ки ҳайати расмии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистонро дар Туркия ба ҳузур пазирад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






