Ш. Салимзода: «Шахсони мансабдор даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд»
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Дар ҷумҳурӣ вазъи истифодаи замин беҳтар гардидааст, аммо ҳанӯз дар ин самт қонуншиканиҳо ҷой доранд.Тибқи иттилои ҳисоботи солонаи Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода, дар асоси санҷишҳои соли 2013 2 300 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 587 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 402 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд. Ш. Салимзода дар ҳисоботи ҳуд зикр намудааст, ки баъзан шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот ва комиссияҳои ҷамъиятӣ ба ҷойи пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, худ даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд. Мисол, муовини якуми раиси ноҳияи Ғончӣ, дар як вақт раиси Комиссияи қонунигардонии молу мулк А. Ахмедов ғайриқонунӣ ба 167 нафар замини наздиҳавлӣ тақсим намуда, дар 45 ҳолат заминҳои холиро ба номи шаҳрвандон ва хешу табораш, ки гӯё дар онҳо иморат доранд, қонунӣ мегардонад. Боиси нигаронист, ки бисёр раисони шаҳру ноҳияҳо ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба худ раво дида, заминҳои кишоварзиро барои истифодаи ғайрикишоварзӣ ҷудо менамоянд. Масалан, дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳрванд Ш. Сӯфиев 5 га, дар шаҳри Ваҳдат ба ҶДММ “Эраҷ-К” 4,5 га ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҶДММ “Поверфил” 8,5 га замини кишоварзӣ барои сохтмони заводи хишт ва карйери хок ва дар шаҳри Истаравшан ба шаҳрванд А. Қутбиддинов 2,5 га замини кишоварзӣ барои сохтмони бозор дода шудааст, ки ҳамаи онҳо бо эътирози прокурорҳо бекор карда шуданд. Раисон ва аъзои комиссияҳои ҷамъиятии тақсимоти замин ба рӯйхати эҳтиёҷмандон хешу табор, шинос ва ё шахсонеро, ки аз онҳо пул гирифтаанд, ғайриқонунӣ дохил менамоянд. Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ба зиммаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ вогузор шуда бошад ҳам, пешгирию бартарафсозии қонуншиканиҳо дар маҳалҳо таҳти назорати воқеӣ қарор надоранд. Ҳолатҳои дар вазифаҳои масъули мақомоти заминсозӣ шахсони чандин маротиба барои ҷиноятҳо дар соҳаи замин ба ҷавобгарӣ кашидашуда, адои вазифа менамоянд. Чунончи, С. Қосимов дар солҳои 2006 — 2012 чор маротиба барои ҷиноятҳои коррупсионӣ бо ҳукмҳои судӣ гунаҳкор дониста шуда бошад ҳам, боз бо фармони директори корхонаи “Марказ-замин”- и Кумитаи заминсозӣ аз 4 июни соли 2012 ба вазифаи директори корхонаи “Замини Роғун” таъйин мешавад. Дар ин давра ба риояи қонунҳо дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот таваҷҷуҳи хос зоҳир гашта, ба 554 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, бинобар ғайриқонунӣ буданашон, эътироз оварда шуд, ки аз он 452 қарор оид ба замин мебошад. Бе риояи талаботи қонунгузорӣ ҳолатҳои аз ҷониби судҳо эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ дар сохтмонҳои худсарона дар заминҳои ғайриқонунӣ ғасбшуда, то ҳол аз байн нарафтааст. Санҷишҳои прокурорӣ нишон доданд, ки истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, хусусан буҷетӣ на дар ҳама ҳолатҳо таъмин мешаванд. Ҳодисаҳои азхудкунии ин маблағҳо низ ҷой доранд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






