Шарҳи иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ

Январь 8, 2014 17:09

 
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар»).- Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар муҳлати 10 соли тақвимӣ иваз нашудааст, шарҳ дода, ба маълумоти ронандагон мерасонад, ки тибқи тағйиру иловаҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 103 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи  тартиби  иҷозатдиҳӣ  барои  идораи  воситаҳои нақлиёт ва  ба  шаҳрвандон  додани  асноди  ронандагӣ» ворид шудааст, шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар муҳлати 10 соли тақвимӣ иваз нашудааст, масъалаи аз сари нав гирифтани шаҳодатномаро тақозо менамояд, ки барои ин имтиҳон супоридан шарт нест.
Зарурати дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани муҳлати ивази расм дар шаҳодатномаи ронандагӣ, ин мутобиқат накардани расми ронандагон дар ҳуҷҷатҳои мазкур бо намуди зоҳирии онҳо  мебошад. Ин ҳолат дар аксар давлатҳо, бахусус дар қаламрави Федератсияи Русия, ки муҳлати истифодаи ҳуҷҷати ронандагӣ 10 сол муқаррар гардидааст, низ ба назар мерасад ва мушкилот нисбат ба муҳоҷирони мо эҷод менамояд, зеро дар ин муддат ҳуҷҷатҳои ронандагӣ фарсуда ва дар баъзан ҳолат корношоям гардида, симои зоҳирии соҳиби шаҳодтнома низ тағйир меёбад.
Сабаби дигар- ин талаботи Созишномаи Вена оид ба ҳаракат дар роҳ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин Созишнома шомил буда, он қоидаи ҳаракат дар роҳ ва як қатор талаботу ҳуҷҷатҳои дигарро ба танзим медарорад.
Мувофиқи талаботи нав ҳуҷҷатҳои ронандагии миллӣ дар ҳама кишварҳои узви Созишномаи Вена, бланкаи якхела истифода гардида, дар он сатрҳо рақамгузорӣ шудаанд, ки ҳар рақам ба сатри мувофиқ ба талаботи Созишнома мебошад.
Мақсади асосии тағйирот- ин ба стандарти ягона даровардани ҳуҷҷати ронандагӣ буда, сатр ва ҷойгиршавии маълумоти ҳуҷҷатҳои ронандагии Тоҷикистон аз давлатҳои Аврупо фарқ нахоҳад дошт.
 
Бо ҷорӣ шудани намунаи нави ҳуҷҷатҳои ронандагӣ шаҳрвандони мо дар Русия ва дигар кишварҳои узви ин Созишнома метавонанд воситаҳои нақлиётро идора намоянд.
Ҳуҷҷатҳои намунаи нав корти пластикӣ мебошад, ки аз поликарбонат омода шуда, сатҳи баланди муҳофизатӣ аз ҳар гуна сохтакориро дорад. Дар он ғайр аз акси соҳиби ҳуҷҷат ҳамчун имзои рақамӣ ва изи ангушти ў низ сабт мешавад. Ҳамчунин ҳуҷҷатҳои нав чипи махсус доранд, ки корманди БДА бо дастгоҳи махсуси “хонандаи дастӣ” метавонад маълумоти лозимиро оид ба дар кофтуков ё дуздӣ будани мошин, мавҷудияти суғурта, дар бораи соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ, ҷаримаҳои пардохтнашуда ва ғайра маълумот пайдо намуда, ахборро дар бораи қоидавайронкунӣ дар шакли электронӣ ба чип ворид намояд.
Амалисозии ин раванд имкон медиҳад, ки самараи фаъолияти БДА бештар гардида, қалбакӣ кардани рақамҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои ронандагиро пешгирӣ гардад. Ҳамзамон ҷараёни аз қайди давлатӣ баровардан ва ба қайд гузоштани нақлиёт низ осон гардида, дар муҳлати кўтоҳ амалӣ мешавад.
Иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли хизматрасонии ҷойи зист дар асоси пешниҳоди ариза, маълумотномаи коршоямӣ барои идораи воситаҳои нақлиёти дорои категорияҳои дахлдор будани ронанда, шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони сабти қоидавайронкунӣ, инчунин пардохти маблағи бланкаи шаҳодатномаи ронандагӣ (25 сомонӣ), талони қайди қоидавайронкунӣ (9 сомонӣ), гирифтани расм (2 сомонӣ) ва арзиши варақаи квитансия (6 дирам), ҷамъ (36 сомонию 6 дирам)  анҷом дода мешавад.   
 

Январь 8, 2014 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд