Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни сохтмони биноҳои осебдидагон

Январь 6, 2014 12:15

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар»).- Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ваҳдат бо ҷараёни сохтмони биноҳо барои сокинони аз заминларза осебдида ва барқарор намудани иншоотҳои аз офати табиӣ харобгардидаи бахши маориф ва тандурустӣ шинос шуд. Тавре ки котиботи Сарвазир хабар медиҳад, Сарвазир иттилоотро дар мавриди он, ки маъмурияти шаҳр бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 10 бинои нав месозад, шунид. Ғайр аз ин, Ҳукумати кишвар ва маъмурияти минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ барои осебдидагон манзил месозанд. «Сарвазир ба сохторҳои дахлдори ҳукумат супориш дод, ки барқарорсозии биною иншоотҳои иҷтимоиро тезонанд», — хабар дод манбаъ.Бар асари зилзилае, ки 10 ноябри соли 2013 дар километри 26-уми ҷануби шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат рух дода ва қувваи он баробари 5 балл буд, 118 хонаи истиқоматии ҷамоатҳои Карим Исмоил, Раҷаб Исмоил, Бозорбой Бӯронов ва Чорсӯ пурра хароб гардида, 259 хона қисман вайрон шудааст. Қ.Расулзода зимни боздид аз шаҳри Ваҳдат ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони роҳи оҳани ояндаи Ваҳдат – Ёвон шинос шуд.Мувофиқи суханони манбаъ, ба Сарвазир иттилоъ доданд, ки аз соли 2009 инҷониб дар қитъаи мазкур дар масофаи 8 километр роҳи оҳан бунёд шудааст. Сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа ҷузъи лоиҳаи сохтмони ояндаи роҳи оҳани байналмилалии Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин ба шумор меравад. Мувофиқи санҷиши техникию иқтисодӣ, арзиши сохтмони роҳи оҳан аз шаҳри Душанбе то шаҳри Қӯрғонтеппа 130 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, ҳамчунин сохтмони 18 пули калону хурд ва як нақби масофааш баробари 2 ҳазору 340 метр дар назар аст.Хотирнишон месозем, ки моҳи апрели соли 2011 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони қитъаи дар Ваҳдату Ёвон будаи роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа шинос шуда буд. Дар он вақт Сарвари давлат ва ҳамсафаронаш дар қатора масофаи 4,2 километр роҳи оҳанро тай намуда, Президент аҳамияти стратегии ин роҳи оҳанро таъкид дошта, зикр намуд, ки он масофаи аз шаҳри Душанбе то маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппаро қариб чор маротиба кӯтоҳ месозад.Ғайр аз ин, моҳи апрел дар Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар зарурати тезонидани корҳо дар иншоот бори дигар таъкид шуд.

Январь 6, 2014 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад