Ширкати наврасону ҷавонон дар сабқатҳои варзишӣ

Январь 21, 2014 08:36

Хоруғ, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар таътили зимистона вақти бештари худро дар толору майдончаҳои варзишӣ сипарӣ мекунанд. Ба гуфтаи сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Руслан Шодиков бо кумаки ҳукумати кишвар дар дар чанд соли охир даҳҳо толору майдонҳои варзишӣ бунёд гардиданд, ки ин имкон медиҳад теъдоди зиёди ҷавонони шаҳр ба варзиш ҷалб гарданд. Номбурда изҳор намуд, ки дар ду ҳафтаи охир дастаҳои гуногун муттасил тамрин карданд ва акнун аз намудҳои волейболу футболи хурд ба рақобат пардохтанд. Мусобиқаҳо дар толори варзишии мактаби рақами дуюми шаҳр, ки ба наздикӣ ифтитоҳ шуд, баргузор гардиданд. Нуҳ дастаи занона дар риштаи волейбол дар давоми як ҳафта барои соҳиб шудан ба ҷоми раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят мубориза бурданд. Дар бозии ниҳоӣ волейбозони Донишгоҳи давлатии Хоруғ маҳорату малакаи хуб нишон дода, бо ҳамлаҳои пай дар пай рақибони худ аз мактаби миёнаи рақами дуюмро ба шикаст маҷбур сохтанд. Мураббии тими мунтахаби занона аз намуди волейбол, номзади улуми педагогӣ Бекназар Мавлонназаров гуфт, ки ин гуна мусобиқаҳо ба такмили маҳорату истеъдоди варзишгарон кумаки хуб мерасонанд. Дар мусобиқа аз намуди футболи хурд, ки дар майдончаи назди мактаб баргузор шуд, дастаи Литсейи Оғохон мақоми аввалро соҳиб гашт. Ҷои дуввумро дастаи ҷавонони маҳаллаи Андарситез ишғол кард. Сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Руслан Шодиков гуфт, ки варзиш яке аз беҳтарин василаи дур андохтани наврасону ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои зишт ба шумор меравад ва афзуд, ки он дар ниҳоди инсон масъулият, ифтихори миллӣ ва ватандориро бештар аз ҳама чиз бедор мекунад.

Январь 21, 2014 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд