Таҳияи консепсияи сифати иқтисодиёти Тоҷикистон
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Соли 2013 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ фаъолияти илмию тадқиқотиашро аз рӯи ду самти афзалиятнок анҷом дод. Аз ҷумла, Стратегияи рушди низоми сиёсӣ ва фарҳанги сиёсии Тоҷикистон, ҳамчунин Консепсияи таъмини сифати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон тарҳрезӣ шуд. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Худобердӣ Холиқназаров 13 январ дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2013 дар ин бора сухан ронд.Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ зимни суханрониаш дар ин мавзуъ қайд намуд, ки мутобиқи дурнамои тасвибшуда соли 2013 корҳои илмию тадқиқотӣ аз рӯи 8 мавзуъ анҷом ёфтанд, ки онҳо иборат аз манофеи миллию давлатӣ дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, мақоми ниҳодҳои иҷтимоию сиёсӣ дар амри густариши фарҳанги сиёсӣ, рушди инноватсионии иқтисодиёти кишвар, густариши хушсифати бахши иҷтимоӣ ва ноил шудан ба рақобатпазирии истеҳсолоти соҳаҳои кишоварзӣ ва сӯзишворию энергетикӣ буданд. Тадқиқоти анҷомёфтаи илмӣ бо назардошти аҳамияти амалиашон ба ташкилотҳои илмӣ, донишкадаҳои олӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ирсол шуданд.Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр шуд, ки кормандони марказ дар давраи ҳисобот 118 маводи иттилоотию таҳлилӣ аз рӯи масоили мубрами сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодиёт ва амният дар ҳаҷми 1297 саҳифаро таҳия ва ба Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ пешниҳод намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






