Тасаллияти Сафорати ФР нисбати ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон

Январь 3, 2014 11:33

Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар»).- Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон нисбати ҳалокати фоҷиавии ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори тасаллият намуд. Дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад: «Дар натиҷаи амалиёти террористӣ дар шаҳри Волгоград 29 ва 30 декабри соли 2013, ки бар асари он 34 нафар ба ҳалокат расиданд, ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон – Назаров Тошпӯлод Эргашевич ва Ғозиев Раҳмоналӣ Меликович ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардиданд. Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисси дӯстии самимонаю бародарона нисбат ба мардуми Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон сидқан изҳори тасаллият менамояд. Федератсияи Русия ҳамагуна амалиёти террористиро чӣ дар сатҳи минтақавӣ ва чӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳкум намуда, дар маркази саъю кӯшишҳои байналмилалӣ дар муборизаи зидди ин хавфу хатар қарор дорад. Аз номи роҳбарияти Русия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон барои изҳори тасаллият ва дастгирии Русия ва мардуми он дар ин рӯзҳои бароямон душвор, ки дар барқия бинобар воқеаҳои фоҷиавӣ дар шаҳри Волгоград ба унвони Президенти Русия В.В.Путин зикр ёфтааст, изҳори миннатдорӣ мекунем. Ба ҳамкории зичи минбаъда бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муборизаи зидди ин офат омодаем».

Январь 3, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад