Таваҷҷуҳи сармоягузорони Фаронса ба Тоҷикистон меафзояд

Январь 27, 2014 11:31

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар шаҳри Париж мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҳомидҷон Назаров бо ноиби президенти Шӯрои тоҷирони ширкати «Медеф Интернатсионал» — и Фаронса Терри Куртен баргузор гардид.Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, сафир дар ҷараёни мулоқот ба ҷониби Фаронса аз имкониятҳои иқтисодию табиии Тоҷикистон хабар дод. Терри Куртен дар навбати худ изҳор дошт, ки сармоягузорони Фаронса ҷонибдори ҳамкорӣ бо Тоҷикистонанд.

Январь 27, 2014 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш