Тоҷикистон дар қуръакашии КФО дар гуруҳи сеюм аст
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова). Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати гуруҳҳои дастаҳои футболи хурд (Футзал)-2014-ро баровард, ки дастаи футзали Тоҷикистон дар гуруҳи сеюм бо дастаҳои футболи хурди Ӯзбекистон, Чин ва Тайван дидор анҷом хоҳад дод.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, дар вохӯриҳои дастаҳо, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дар Ветнам доир мегарданд, дастаҳо дар 4 гуруҳ- ҳар кадом 4 дастаӣ миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.Гуфта мешавад, ки дар Ҷоми Осиё-2014 наздик ба 20 даста аз Ветнам, Ҷопон, Тайиланд, Эрон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Тайван, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Индонезия, Малайзия, Ливан, Қувайт ва Ироқ миёни ҳам барои ба даст овардани ҷоми мазкур рақобат мекунанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






