То ин ки сарнайзаву қалам баробар бошанд

Январь 27, 2014 17:15

«Ҳар фард, низомӣ ё ғайринизомӣдар ҷанги иттилоотӣ дар ин ё он шакл иштирок мекунад»Хулосаҳои беасосДушанбе, январ (АМИТ «Ховар»).- Ба ақидаи журналисти АИ «Азия-плюс» Фирӯз Умарзода «Тоҷикистон бори дигар ҷанги иттилоотиро бохт. Ин навбат ба Қирғизистон». Далели аслиро журналист дар он мебинад, ки вақте дар мавриди воқеаҳои ногувор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон овозаву гумонҳои зиёде ба миён омад, аз тарафи тоҷикон камбуди иттилооти расмӣ эҷод гардид. Фазои иттилоотиро низ фаъолона ВАО-и Қирғизистон, бо пахши баромадҳои расмии мансабдорони қирғиз фаро гирифт. Пас, чаро он замон ҳамтоёни тоҷики онҳо, ки бо баҳонаҳои кӯчактарин одати касбии ҷавоби нешдор доданро доштанд, хомӯш буданд? Чаро ба гуфтугӯи байналмилалӣ, ки дар он мақомоти Тоҷикистон мавқеияти худро иброз дошта буд, нагаравиданд? «Теззабонӣ»-и машҳури эшон куҷо шуд? Бо гумроҳии хеш Ф.Умаров мавзӯи муҳими муқобала ва пешгирии мавқеиятҳоеро ба миён гузоштааст, ки барои ҷилавгирӣ аз он журналистони тоҷик дар рӯйдоди ахир иқдоми муфиде анҷом надодаанд. Дар беҳтарин ҳолат онҳо мавқеи фурсатпоиву дахлнопазирӣ ва дар бадтарин ҳолат, нисбат ба таҷовузоти иттилоотии Қирғизистон мавқеияти созишро ихтиёр намуданд. Ҳуҷуми иттилоотиро ба Тоҷикистон дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ карданд. Дар мавқеият бо тафсирҳову инъикоси ҳодисаи ногувори марзии Тоҷикистону Қирғизистон мансабдорони низомии Тоҷикистон сиёсати дуруст ва санҷида пеш бурданд: то рӯшан кардани асли воқеа ва анҷоми ҷамъоварии далелу бурҳонҳо ба изҳороти расмӣ кардан нашитофтанд. Сиёсатмадор С. Сафаров одилона қайд менамояд, ки: «ҷониби Тоҷикистон бештар ба самти корҳои амалӣ банд буданд». Сабаби «сукут» ва худдории муваққатии шахсони расмӣ нисбат ба муноқишаи мазкур ба эҳсосоти беҳуда дода нашудан ва кӯшише баҳри «ташаббус накардан ба эҳсосоти беҳудаи қирғизҳо нисбат ба мо» буд. Ин арзёбиро дар бораи намояндагони ҶҚ, аз ҷонибе, ки пайи тундбоди иттилои бардурӯғи ғаразнок рафтанд, наметавон гуфт. Хусусан аз забони шахсони масъули давлатӣ. Ташаббускори асосӣ ва сарманбаъ дар навбати аввал муовини сарвазири Қирғизистон Т.Мамитов шуд. Роҳи ошкорои зиддитоҷикистонии ӯро журналистони қирғиз ва журналистони ҳавасмандшудаи кишварҳои сеюм идома доданд. Тафсирҳои қирғизӣҶанги иттилоотӣ намуди муборизаи миёни давлатҳост, ки бо мақсади бюа даст овардани афзалиятҳои низомию сиёсӣ ё иҷтимоию иқтисодии яктарафа бо роҳи таъсири ҳадафмандона ба раванди дастрас, паҳнкунӣ ва истифодаи тамоми намудҳои иттилоот роҳандозӣ мешаванд. Ҷанги иттилоотӣ яке аз усулҳои муосири бартарафкунӣ ва шиддатдиҳии муноқишаҳои байни давлатҳо бо истифода аз яроқи иттилоотӣ мебошад. Дар чунин ҷанг ақл, тафаккури ҷомеа тағйири барномарезии зеҳнӣ намуда, раванди зомбишавии мардум сурат мегирад.Яке аз қисматҳои суннатии ҷангҳои иттилоотӣ таблиғотест, ки бар стратегияи ақоид асос ёфтааст. Ҷониби Қирғизистон то лаҳзаҳои охир тавассути ВАО-и чопӣ ва электронӣ кӯшиш намуд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба дурустии амал ва рафторҳои худ дар муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон бовар кунонад. Журналистони ҶҚ мусобиқакунон мекӯшанд, ки аз ҷойи «рӯйдодҳои воқеӣ» гузоришҳои ташвиқотӣ омода намуда, харитаи маҳалро аз нав бикашанд. Дар ин бора фикр намекунанд, ки аз рӯи қоида мулоҳиза ва арзёбии шитобнок, бахусус вобаста ба муноқишаҳои байналхалқӣ ва низомӣ ба ҳолати воқеӣ пурра мувофиқат намекунад ва дар шароити норасоии иттилоотӣ, фишори роҳбарияти расонаҳои ҷалбшуда, ҷомеа ва давлат бо шитобзадагӣ сурат мегирад. Баъди мустақилона аз нав санҷидани маводҳои аз ҷониби Қирғизистон нашргардида ва изҳороти расмии Тоҷикистон маълум шуд, ки воқеаҳои дар сарҳад ва қаламрави баҳсбарангез рухдода дақиқан баръакс будаанд. Маҳз гуруҳи 20-нафараи марзбонони Қирғизистон тирандозиро ба ҷониби тоҷикон барангехтаанд. Дар воқеъ, қирғизҳо бидуни иҷозат дар қаламрави бегона сохтмони роҳи мошингарди Оқсой-Кок-Тошро таҳти пӯшиши силоҳбадастон таҷдид намудаанд. Дақиқан, баъди ин хизматчиёни ҳарбии тоҷик ба ҷанг печида, дар натиҷа шаш нафар ҷанговар осеби ҷиддӣ дидаанд. Баъди он ҷониби Қирғизистон бо тартиби якҷониба рафтуомадро тавассути дидбонгоҳи марзӣ бастааст. Ахбори аввалияи таҳрифшуда дар бисёре аз агентиҳои иттилоотӣ пайдо шуданд, ки аз онҳо хонандагон ва журналистон мехостанд аз асли матлаб огоҳ шаванд. Агар хонандагони оддӣ фиребхӯрдаву гумроҳ шуда бошанд, вале рӯзноманигорон ин иттилои ғалати таҳрифшударо то бозии «телефони ношунаво» ва аз он ҳам дуртар бурда расониданд. Дар бештари мавридҳо устоҳои таҳрифоти иттилоотӣ аз махфияти ном ва ё тахаллусҳо истифода мебаранд, вале дар даргириҳои ахири байни марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон фитнагари асосии ҷаҳиши иттилоотии сиёсӣ мансабдори воломақоми Қирғизистон Токон Мамитов гардид. Рӯйдод аз он ҷиҳат истисноист, ки изҳори ақидаи хусусии ӯ оид ба қазияи мазкур тибқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада комилан аз назари ҳукумати миллии ҶҚ фарқ мекунад.Фиребкорӣ ва ба гумроҳӣ бурдан на танҳо амали журналистони оддии қирғиз, яъне сарбозони ҷанги иттилоотӣ мебошад. Ба ин кор ҳамчунин фармондеҳ – генерал Мамитов низ, ки дар ду ҷабҳа меҷангад. Муовини нахуствазир Т. Мамитов дар сатҳи дипломатӣ қарордоду созишномаҳоро ба имзо мерасонад. Ӯ майдони иттилоотиро аслан ба майдони муноқиша табдил додааст. Дар ин ҷо ӯ ҳам ҷанҷол мекунаду ҳам дашном медиҳад, амалҳои пасипардагии худро алайҳи Тоҷикистон ҳақ мебарорад. Дар ин кор ба ӯ артиши зархаридон, журналистони қирғиз ва дигар намояндагони ВАО, ки ҳаққи муҳокимаи дастуроти мансабдори баландрутба, яъне рафиқ генералро надоранд, мусоидат менамоянд. Ҳатто дар сурате, ки фармонҳо аз доираи ақл берун баромада, ба худ шакли ғайритабииро мегиранд. Ҷанги иттилоотӣ таъсиррасонӣ бо роҳи интишори густардаи махсус ташкилшудаи иттилооти манфиатдор тавассути ВАО-ро пешбинӣ мекунад, ки расонаҳои хабарии Қирғизистон дар ҳамдаст бо ҳокимияти худӣ аз он истифода бурданд.Камфаъолиятии ВАО-и ТоҷикистонЖурналистони тоҷик, ки яке аз онҳо оид ба бохти худ сухан рондааст, ба ҳамлаи иттилоотии қирғизҳо хеле заифона вокуниш нишон доданд. Аниқтараш, ҳеҷ вокунише нишон надоданд. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ ҳамаи зарбаро ба худ қабул кард. Равшан аст, ки ВАО-и расмии ҶТ, ба хотири бо изҳороти бемаврид ба вазъият шиддат набахшидан, бо мулоҳизаву эҳтиёткорона рафтор карданд. Вале сукути оммавиву давомноки журналистон дар дифоъ аз манфиатҳои миллӣ дар ҳар сурат нишонаи дур аз меҳанпарастии онон буд. Ташаккули муҳити ягонаи иттилоотӣ дар риштаи муқовимат бар таҷовузи иттилоотии қувваҳои беруна барои фазои расонаҳои хабарии ҶТ зарур буд. Дар мавориди изтирорӣ, вақте ки сухан дар бораи ҳимояи авлавиятҳои давлат аз таҳдидҳои беруна меравад, захираҳои иттилоотии кишвар бояд дар тамос бо ҳамдигар, ба манфиати мардум амал намоянд, на ин ки амали «об рехтан ба осиёби душман»-ро анҷом диҳанд. Журналистон бояд муттаҳид шаванд. Дар ин ҷо бештар аз ҳама ба бозии одилонаи тамоми ҳамкорони ҷомеаи расонаӣ ниёз ҳаст. Ҳодисаҳои ахир нишон доданд, ки на ҳама кишварҳо, аз ҷумла ҶҚ, қодиранд воқеиятро холисона арзёбӣ намоянд. Пурра бехатар гардонидани ҷомеа аз таҳдидҳову ҳамлаҳои иттилоотӣ ғайримумкин аст. Танҳо аз роҳи назорати огоҳона бар мавзуъҳову масоили мавриди алоқаи террористони иттилоотӣ ва мубориза алайҳи иҷрокунандагони бевоситаи ҳуҷумҳои террористӣ хатари кӯшишҳои таблиғотии иттилоотиро паст кардан мумкин аст. Дар ҳолати мазкур вазъият барои он бадтар гардид, ки «террористи иттилоотӣ» шахси воломақоми Қирғизистон буд. Бо мушорикати афроде, ки алоқаманди носуботии вазъият ва марзи байни Қирғизистону Тоҷикистонанд, талошҳое барои ба мадори ҷанги иттилоотӣ ҷалб намудани ҷумҳуриҳои бародар низ ба харҷ дода шуд. Чи аз тарафи ҶҚ, чи бо истифода аз имкониятҳои кишварҳои сеюм маълумоти барғалати марбут ба сабабҳо ва тафсири даргириҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон амалӣ гардида, арзёбиҳои зеҳнӣ ва дар ВАО корҳои фаъоли таблиғотӣ пеш бурда мешуд. Иттилоотро метавон ҳамчун неруи ҳам созандаву ҳам сӯзанда арзёбӣ кард. Иттилооти харобиовари ҷониби Қирғизистон дар қазияи мазкур барои осеб расонидан ва ихтилоли гуфтушунидҳои дуҷонибаи навбатӣ оид ба делимитатсия, аломатгузории марзҳо ва қаламрави баҳсбарангез таҳдид ва барои берун баромадани вазъият аз ихтиёру идора, ангехтани низои байни миллатҳо мусоидат мекард. Суҳроб Қодиров, ҷомеашиносМанбаъ: ЦентрАзия

Январь 27, 2014 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад