Як соли пурмаҳсул. Аз баргузории хатнасур то ҳадяи Қуръон ба маҳбусон

Январь 18, 2014 10:47

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Чанде пеш Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов зимни як нишасти матбуотӣ аз натиҷаи фаъолияти Кумита дар соли 2013 ҳисобот дод. Муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти Кумита дар соли 2013: Дар соли 2013 Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, ҳамоҳанг сохтани муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита кор бо иттиҳодияҳои динӣ. Кумита дар давраи ҳисоботӣ барои ба низом даровардани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҳимояи фазои андешаи динӣ корҳои мушаххасро анҷом дода, дар кори амалӣ шудани ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи озодии виҷдон ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Низоми ягонаи ҳуҷҷатгузории иттиҳодияҳои динӣ ба роҳ монда шуда, Низомнома ва дастурамалҳои ҳуқуқии бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ тартиб дода шудаанд. Ба қавли масъулини Кумита айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин фаъолияти 1 Маркази исломӣ, 47 масҷиди ҷомеи марказӣ, 366 масҷиди ҷомеъ, 3567 масҷиди панҷвақта, 6 мадрасаи мутавассита, 74 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, 1 ҷамоатхона, 1 ҷамоаи динии ғайриисломӣ, дар маҷмӯъ 4063 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва онҳо фаъолият карда истодаанд. Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 135 адад иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 3 адад масҷиди ҷомеи марказӣ, 10 адад масҷиди ҷомеъ ва 122 адад масҷиди панҷвақта мебошад. Кумита дар давраи ҳисоботӣ матни 45 мавъизаҳои намунавии рӯзҳои ҷумъаро боназардошти талаботи рӯз дар мавзӯъҳои гуногуни тарбиявӣ, инсондӯстӣ, даъват ба сулҳу субот ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ҳаҷми 300 варақ таҳия намуда, ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва ҷомеи ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст. Кумита ба 7 нафар ятимдухтарони кулли мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ кумаки яквақта расонида, ба онҳо либосҳои хуштарҳи замонавӣ ҳадя намудааст.Инчунин дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба духтарон ҷиҳати дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ мусоидат карда шуд. Кумита оиди таъмини шабакаҳои мағозаҳои махсуси фурӯши маҳсулот аз сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ дар назди масҷидҳои марказӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Айни замон дар назди 45 адад масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва ҷомеи ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши маҳсулот аз сангҳои ватанӣ ташкил карда шудааст. Кумита бо китобҳои Қуръони маҷид (бо забони тоҷикӣ) ва таълифоти Имоми Аъзам таъмин намудани маҳбасхонаҳоро ба роҳбарӣ гирифта, маҳбасхонаҳои ҷумҳуриро ба теъдоди 516 адад китобҳои Қуръони маҷид (бо забони тоҷикӣ) ва таълифоти Имоми Аъзам таъмин намуд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди Наврӯз ва таъмини Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.2008, № АП 467 аз тарафи Кумита хатнасури 50 нафар тифл ва тӯйи домодию арӯсии ду ҷуфт навхонадорон баргузор карда шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи шахсони саховатманд, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар соли равон, аз ҷумла дар арафаи ҷашни миллии Наврӯз, Рӯзи ваҳдати миллӣ, Рӯзи истиқлолият ва дигар рӯзҳои иди миллӣ хатнасури 14087 нафар тифлон ва тӯйи домодию арӯсии 817 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона сурат гирифт. Дар рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он тӯйҳои дастаҷамъонаи хайриявии 64 ҷуфт навхонадорон барпо гардид. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз хатнасури 913 нафар тифл ва тӯйи домодию арӯсии 16 ҷуфт аз оилаҳои камбизоат доир гардидааст. Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ дар ин давра тӯйи хайриявии 15721 нафар ба тариқи дастаҷамъӣ сурат гирифт. Ҳамзамон дар арафаи Соли нав ва иди байналмиллалии Наврӯз иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ бо сарфи маблағи 287,643 сомонӣ дар иҷрои амалҳои хайриявӣ саҳм гузоштаанд. Дар соли ҷорӣ аз ҷониби Кумита, ходимони иттиҳодияҳои динӣ, намозгузорон ва соҳибкорони ҷумҳурӣ дар арафаи идҳои Наврӯз, Иди саиди Фитр, Иди Қурбон ба ятимону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат, мактабинтернатҳо, маъюбони ҷангу меҳнат, бепарасторон ва фонди хайриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 5 млн 876 341 сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расонида шуд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши динии имомхатибон дар соли 2013 дар умум 84 нафар ба курси бозомӯзӣ ҷалб гардидаанд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо созмони ҷамъиятии «Маркази сиёсати гендерӣ» 40 нафар имомхатибони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва бо дастгирии ҷониби Давлати Қатар 20 нафар кормандони соҳаи дин ва имомхатибон ба давлати Қатар барои бозомӯзии якмоҳа ва табодули таҷриба сафарбар карда шуданд. Кумита тавассути кормандони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумотро оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, дастрас намудааст. Маълум гардид, ки 2874 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамоянд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то имрӯз 2705 нафари онҳо ба Ватан баргаштанад. Айни ҳол, тибқи ҳисоботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 169 нафар донишҷӯёни мо дар кишварҳои исломӣ боқӣ мондаанд. Аз ҷумлаи донишҷӯёни баргашта 237 нафари онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд: 50 нафар дар мактабҳои миёна, 6 нафар дар муассисаҳои таълимии динӣ (мадрасаҳои мутавассита) ва омӯзишгоҳҳои касбӣ, 181 нафар дар мактабҳои олӣ таҳсил менамоянд. Инчунин, Кумита дар давраи ҳисоботӣ дар асоси 136 дархост 456 адабиёт ва варақаҳои диниро дар ҳаҷми 101628 саҳифа, баробар ба 6351,75 ҷузъи чопӣ мавриди таҳлил ва ташхис қарор дода, хулосаҳои лозимиро пешниҳод намуд. Аз ин теъдод ба 381 адабиёти дорои мазмуни динӣ хулосаи мусбӣ ва ба 75 адабиёт ва варақаҳои динӣ, ки мазмуну муҳтавои онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштанд, хулосаи манфӣ дода шуд. Ташкили ҳаҷ Тибқи ҳисса имсол теъдоди 6084 нафар дар муддати 14 рӯз аз таърихи 20.09.2013 то 04. 10.2013 тариқи ширкатҳои ҳавопаймои ватанӣ ба шаҳрҳои Макка ва Мадинаи Мамлакати Арабистони Саудӣ сафарбар карда шуданд. Онҳо аз тарафи ширкати «Ёқут-2000» бо сару либосҳои махсус ва ҷомадонҳо таъмин карда шуданд. Хоҷиёнро гӯруҳи кории Кумита ва роҳбаладон ҳамроҳӣ намуданд. Инчунин барои нигоҳ доштани вазъи саломатии зоирин ба онҳо 16 нафар табибон дар шаҳри Макка ва Мадина хизмат расониданд. Дар мавсими ҳаҷи имсола 3 нафар зоирин вафот карданд. Қобили зикр аст, ки дар мавсими Ҳаҷ — 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 38 манотиқи зиёраткунандаи ҳаҷ аз ҷиҳати ташкил, танзим ва баргузорӣ ҷои намоёнро соҳиб гашт.Кумита дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар соли ҷорӣ корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, дар радифи таъмини иҷрои талаботи қисми 1 моддаи 5-и Қонуни мазкур дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе 4 комиссияи доимӣ, дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 427 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 499 комиссияҳои доимӣ дар давраи ҳисоботӣ самарабахш фаъолият намуданд. Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 4-и Қонун дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, дар соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба теъдоди 8185 адад (ВМКБ-762, вилояти Суғд-2504, вилояти Хатлон-2398, шаҳри Душанбе-714, ШНТҶ-1807) комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият доранд. Кашфи сарчашмаҳои нави андозғундорӣ. Амалишавии Қонун ба кашфи сарчашмаҳои нави андозситонӣ ва барои бастани шартномаҳои гражданӣ мусоидат намуд. Аз ҷониби мақомоти ҳудудии андоз аз нуқтаҳое, ки ба хизматрасонии тӯю маросимҳо машғуланд, дар давоми соли 2013 ба маблағи 2802,9 ҳазор сомонӣ андоз ҷамъоварӣ карда шуд, ки назар ба соли 2012 ба андозаи 1163,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад (Мактуби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2013 №10792/139). Таъсири мусбат ба захираҳои молиявии аҳолӣ. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон аз 2.01.2014 №171-01/02 дар соли сипаришуда пасандози шахсони воқеӣ дар бонкҳо 3529,6 млн сомониро (630,0 млн сомонӣ бо пули миллӣ ва 2899,7 млн сомонӣ бо асъори хориҷӣ) ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 708,1 млн сомонӣ ё худ 25,1 фоиз афзудааст. Аз ҳисоби кам намудани хароҷоти маъракаҳо ва пасандоз намудани маблағҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ имконияти беҳтар намудани шароити зиндагиро ба даст оварданд. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони манзили зист дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, барои оилаҳои серфарзанд ва ниёзманд, вусъати васеъи сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар саросари ҷумҳурӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд. Таъсири мусбат барои аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштани шаҳрвандон. Амалишавии Қонун ба афзоиши гузариш аз қайди никоҳ дар мақомоти давлатӣ мусоидат намуд. Бо вуҷуди он ки нисбат ба соли 2012 (97796 ҳолат) қайди ақди никоҳ дар соли 2013 (97444) камтар ба назар мерасад, ҳанӯз ҳам аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштан нисбат ба давраи то қабули Қонун бартарӣ дорад. Агар дар соли 2005 52280 ва соли 2006 57115 ҳолати ақди никоҳ ба қайд гирифт шуда бошад, пас соли 2007 баъди қабули Қонуни мазкур теъдоди қайди ақди никоҳ бамаротиб афзуда 97562 ҳолатро ташкил дод. Ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва чораандешӣ нисбати онҳо. Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 аз ҷониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 394 адад парвандаҳо оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ворид шудааст. Аз 394 парванда 374 адад баррасӣ гардида, 20 адади он дар истеҳсолот қатъ карда шудааст. Маблағи умумии ҷаримаҳо 1 152 500 сомониро ташкил медиҳад. Ошкор намудани қонуншиканиҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин аст: вилояти Хатлон 142 адад, вилояти Суғд 97 адад, шаҳри Душанбе 72 адад, ШНТҶ 78 ва ВМКБ 5 адад. Аз ин миқдор зимни гузаронидани рейдҳо 67 адад ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ошкор гардида, маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Кумита дар якҷоягӣ бо комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти назорат бурдани риояи Қонуни мазкур бо мақсади пешгирии эҳтимолияти ҳуқуқвайронкунӣ дар беш аз 650 маъракаҳо рейдҳо ташкил намуд. Дар натиҷа 60 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва он барои чораандешӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардид. Натиҷагирии молиявӣ. Мутобиқи маълумоти пешниҳодкардаи комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2013 дар миқёси ҷумҳурӣ 158451 маърака барпо гашт. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 529 миллиону 663 ҳазору 597 сомониро ташкил дода, харҷи як маърака ба ҳисоби миёна дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба 3342 сомонӣ рост омад. Агар нишондиҳандаҳоро то давраи қабули Қонун муқоиса намоем, мувофиқи ҳисоботи оморӣ он вақт барои гузаронидани як маърака ба ҳисоби миёна 8750 сомонӣ рост меомад, ки барои баргузории 158451 маърака 1 миллиарду 386 млн 446 ҳазору 250 сомонӣ маблағ лозим мегардид. Танҳо дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар соли равон беш аз 856 млн 782 ҳазор сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. Дар ин давра, дар ҷумҳурӣ аз тарафи шаҳрвандон 24475 хатнасур, 99533 тӯйи домодию арӯсӣ, 18604 маъракаи чил ва 15841 маъракаи сол бо забҳи 14965 сар чорвои калон ва 89774 сар чорвои хурд гузаронида шуд. Дар 158451 маърака аз тарафи шаҳрвандон дар маҷмӯъ 104739 сар чорво забҳ шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми кишвар ҳанӯз ҳам дар маъракаҳо ба ҷои чорвои калон чорвои хурдро бештар истифода мебаранд. Баромад дар воситаҳои ахбори омма. Кормандони Кумита барои пурзӯр намудани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар 16 барномаҳои телевизионии Шабакаи якуми ТВТ, ТВ Сафина, Ҷаҳоннамо, Баҳористон, Пойтахт ва дигар шабакаҳо иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ Кумита дар сомонаи расмии худ www.din.tj зиёда аз 81 мақола, хабар ва вокунишҳоро ҷой дод. Ҳамзамон, 76 маротиба бо хабарнигорони Агентии МИТ «Ховар», ҳафтаномаи «Азия-Плюс» «Озодӣ» ва дигар расонаҳои хабарӣ ва нашрияҳо мусоҳибаи кормандони Кумита оид ба авзои фазои динии кишвар доир гашт, ки муҳтавои онҳо нашр гардид. Дар давраи ҳисоботӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ пайваста мақолаю мусоҳибаҳои пурмуҳтаво дар мавзӯи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дарҷ гардида, манзури мардум гардонида шуд. Аз тарафи аъзоёни комиссияҳои доимӣ ва кормандони шӯъба ва бахшҳои дини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ин давра тавассути рӯзномаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ 302 мақола чоп гардид. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 11, вилояти Суғд 92, вилояти Хатлон 91, ВМКБ 44 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 64 мақолаи маърифатию омӯзишӣ рӯи чоп омад. Дар миқёси ҷумҳурӣ дар соли равон аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 1681 семинару машварат ва мизҳои мудаввар доир гардиданд. Баргузории чорабиниҳои мазкур дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври зайл сурат гирифт: шаҳри Душанбе-107, ВМКБ-209, вилояти Суғд-422, вилояти Хатлон 440 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 503. Фаъолияти хоҷагию молиявӣ Дар соли 2013 сохтмони бинои мактаб-интернати №4-и кӯдакони бепарастори ноҳияи Тоҷикободро ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ ба итмом расонид, ки моҳи октябри соли равон бинои мазкур ба истифода дода шуд. Кумита дар арафаи Иди Наврӯз, Иди модарон, Иди Қурбон ва соли нави мелодӣ ба мактаб-интернати №4-и ноҳияи Тоҷикобод, ба хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе, ба шаҳрвандони ба Кумита барои кӯмак муроҷиатнамуда, ба собиқадорони меҳнат, шахсиятҳои маъруф ва коргарзанони Кумита, ятимдухтарони мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (Шаҳристон, Спитамен, Ашт, А.Ҷомӣ, Вахш, Шаҳринав, Рушон, Шуғнон ва Ишкошим) кӯмаки моддии яквақта расонида, ҳамзамон духтаронро бо матоъҳои хуштарҳи замонавии сарулибоси миллӣ таъмин гардонид. Бахшҳои ноҳияҳои К. Мастчоҳ, Айнӣ, Ховалинг, М.С.А. Ҳамадонӣ, Фархор ва ВМКБ бо компютерҳо ва асбоби аксбардорӣ таъмин карда шуданд. Дар маҷмӯъ дар соли сипаришуда Кумита ба маблағи 245 170 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонид. Мукотибот ва муроҷиати шаҳрвандон Дар давраи мазкур Раиси Кумита 312 нафар шаҳрвандро қабул намуда, арзу дархостҳои онҳоро дар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти Кумита дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ ҳаллу фасл кард. Муовинон, сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои Дастгоҳи марказии Кумита 1678 нафар кормандони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандонро дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ қабул намуда, муроҷиати онҳоро ҳаллу фасл карданд. Кормандони Дастгоҳи марказӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳо 570 вохӯрию сӯҳбатҳо ва машваратҳо барпо намуда, ба 2850 савол ва дархостҳои шаҳрвандон ҷавоб гардониданд. Аз ҷониби комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар давраи ҳисоботӣ ба 56114 (ВМКБ — 1785, шаҳри Душанбе — 4448, вилояти Суғд — 4143, вилояти Хатлон — 17266, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 28472) муроҷиатҳои шаҳрвандон ва зангҳои телефонӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 2 маротиба бо рӯзноманигорони матбуоти даврӣ ва расонаҳои хабарӣ нишасти матбуотӣ доир гардида, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Раиси Кумита ва муовинони ӯ мунтазам ба суолу дархостҳои шаҳрвандон, хабарнигорон ва муроҷиаткунандагони дигар посухҳои муфассал медиҳанд.

Январь 18, 2014 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад