Ёрии «Меҳнат» ба муҳоҷирон

Январь 13, 2014 16:05

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар»).- Тайи рӯзҳои аввали соли 2014 беш аз 250 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Русия сафар кардаанд, дар созмони суғуртавии «Меҳнат» ҳуҷҷатҳои суғуртавии тиббӣ ба даст оварданд. Барои беҳдошти дастрасии шаҳрвандон ба суғуртаи тиббӣ дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд намояндагиҳои созмони «Меҳнат» фаъолият доранд. Хотирнишон месозем, ки ҳуҷҷат дар бораи суғуртаи тиббӣ санади муҳими муҳоҷирони меҳнатие гардидааст, ки барои иҷрои кор ба Федератсияи Русия сафар мекунанд. Ин ҳуҷҷат шакли ҳифзи иҷтимоии манофеи шаҳрвандон барои ҳифзи тансиҳатии онҳо ба шумор меравад. Дар ин бора созмони суғуртавии «Меҳнат» хабар медиҳад.

Январь 13, 2014 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш