Ҳадаф: шиносоӣ ва ироаи арзу пешниҳодҳо

Февраль 19, 2014 14:11

 
Турсунзода, 19.02.14. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Сафари гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ  нимаи дуюми рӯзи 18 феврал дар шаҳри Турсунзода идома ёфт. Меҳмонон аз муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла литсеи касбӣ-техникӣ, коллеҷи металлургӣ, мактаби санъат, беморхонаи марказӣ ва хонаи кӯдакони шаҳр дидан карда, бо шароити муассисаҳои мазкур аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Сипас, бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои қарору қонунҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳр доир гардид. Дар назди ҳозирин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, сардори раёсати илму маърифат Гулнора Бобоева, сардори раёсати рушди иҷтимоӣ Гулҷаҳон Туманова, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода сухан гуфтанд. Аз ҷумла, Марҳабо Ҷабборӣ зимни суханронӣ  аз афзоиши теъдоди ҷинояткорӣ, махсусан дар байни наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ кард ва ҳамагонро ба таълиму тарбияи дуруст, омӯзиши илму маърифат, риояи ҳадафмандонаи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳидоят намуд. 
Марҳабо Ҷабборӣ афзуд, ки ҳама талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шудаанд, ки барои таъмини ҳаёту фаъолияти арзандаи шаҳрвандон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шаванд, зеро ҳадафи ниҳоӣ зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, тарбияи ҷавонони созандаву бунёдкор, таҳкими ватандӯстиву масъулияти ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ миёни аҳолӣ, бахусус   ҷавонону наврасон ва дар ҳамин замина тақвияти раванди истиқрори ваҳдати  миллии давлати навини Тоҷикистон мебошад.
 Дар ҷамъомад байни аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндагони занон, ҷавонон, иттиҳодияҳои динӣ, ки дар толор ҳузур доштанд, баҳри рафъи мушкилиҳо ва норасоиҳои мавҷуда гуфтугузори судманд доир гардид.  
Бояд гуфт, ки ҳадафи сафари гурӯҳи корӣ аз ошноии наздик бо мушкилоти мардум ва нишон додани роҳҳои ҳалли онҳо буд.  
Дар хатми вохӯрӣ ҳайати гурӯҳи корӣ ба саволҳои сершумори мардум посухҳои мушаххас дод.
 
 
 
 
 

Февраль 19, 2014 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад