Ҷеймс Терри ба Душанбе омад

Февраль 12, 2014 11:25

Душанбе, 12.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди фармондеҳии марказии ИМА (ARCENT) генерал-лейтенант Ҷеймс Терри дирӯз бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масоили амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба Душанбе омад.
Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, зимни сафари корӣ генерал Терри бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот намуд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот онҳо масоили марбут ба ҳамкории бефосилаи ҳарбӣ байни ИМА ва Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамкории Қӯшунҳои хушкигарди фармондеҳии марказӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.  
 
 
 
 

Февраль 12, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш