Ахбори олам дар чанд сатр

Февраль 25, 2014 16:32

Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Як мошини бомбгузорӣ шуда дар наздикии консулгарии  Ирон дар  Пешовар, шимолу ғарбии Покистон мунфаҷир шуд, ки дар натиҷа ду нафар посбони ин консулгарӣ ҳалок ва чандин нафари дигар захмӣ шуданд.   
 
**************************
Уилям Ҳейг, вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир ҳангоми суханронӣ дар назди аъзои  парлумони  кишвараш гуфтааст,  ки ният дорад рӯзҳои наздик аз Украина дидан кунад. 
***************************
Собиқ сарвазири Украина  Юлия Тимошенко   бо даъвати нахуствазири Олмон  барои табобат ба  беморхонаи   Charite-и  Берлин хоҳад рафт. 
***************************
Роналдинё,   собиқ ҳамлагари маъруфи дастаи мунтахаби Бразилия, ки ҳоло 33 сол дорад, гуфтааст, баъди аз майдони футбол рафтанаш даст ба мусиқӣ хоҳад зад.
********************************
 Ба навиштаи сомонаи  рӯзномаи  «Ал- Аҳром»-и Қоҳира  ҳукумати  Миср бо роҳбарии сарвазири ин кишвар Ҳозим Боблавӣ ба истеъфо рафтааст.  
 

Февраль 25, 2014 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад