«Барқи тоҷик» : «Маҷрои об зиёд гардад, реҷаи барқ лағв мешавад»

Февраль 27, 2014 15:57

Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова).- Мувофиқи  маълумоти  хадамоти  матбуоти ҶСКХ «Барқи тоҷик»,  ба  ҳамаи   сохторҳои  муассисаи  мазкур  супориш  дода  шудааст, ки  барои  қабули  қарор   аз  рӯи  масъалаи  дар рӯзҳои  аввали  моҳи  март  аз байн  бурдани  реҷаи  истифодаи неруи барқ  дар  минтақаҳо бо назардошти пешгӯии  вазъи  обу  ҳаво  имконияту   захираҳояшонро   баррасӣ  намоянд. 
 
Алҳол ҳар  шабонарӯз  маҷрои  дарёи  Вахш  дар  ҳудуди  обанбори Норак  ва  ҳаҷми об барои тавлиди  неруи  барқ чен  карда  мешавад.
 
«Якҷоя бо  мутахассисони  ҳавошиносӣ  дар  водию  доманаҳои  кӯҳсор  корҳои  муштарак  баҷо  оварда  мешаванд. Ба  мутахассисон  дастур  дода шудааст, ки  ҳаҷми  истифодаи  дохилӣ  дар  шароити  муайяни  обу  ҳаворо  арзёбӣ   намоянд. Баъди  таҳлили  муфассал  дар  мавриди  реҷаи барқ  тасмим  гирифта  мешавад», — қайд  намуд  манбаъ. 
 
Мувофиқи  маълумоти  манбаъ,   алҳол  тавлиди   шабонарӯзии   неруи  барқ  дар  кишвар  40  миллион  киловатт — соатро ташкил  медиҳад,  ҳол он ки барои пурра   аз  байн бурдани  реҷа бояд  ҳар  шабонарӯз  50  миллион   киловатт —  соат  нерӯи барқ тавлид  шавад. 

Февраль 27, 2014 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид