Баррасии Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ
Душанбе, 10.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини гурўҳи якҷояи корӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ» доир гардид. Раиси гурўҳ, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Ҳикматов изҳор намуд, ки гурўҳи мазкур бо мақсади омўзиш ва баррасии пешниҳодҳои созмонҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва шаҳрвандон бобати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Барномаи давлатии рушди телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» таъсис ёфтааст. Ба ин гурўҳ панҷ нафар аз Кумитаи телевизион ва радио ва ҶСК «Телерадиоком», 1 нафар аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳа шомиланд.
Дар ҷаласаи нахустин Барномаи давлатӣ банд ба банд муҳокима ва пешниҳоди иштирокчиёни гурўҳ шунида шуд. Дар муҳокимаи барнома аъзои гурўҳи якҷояи корӣ Шаҳло Акобирова, Умрилло Меликов, Зинатуло Исмоилов, Рустами Ҷонӣ, Асомуддин Атоев, Ранжет Ятимов, Аъзамхон Акбаров ва Файзулло Солеҳов фаъолона иштирок намуданд. Қарор шуд, ки пешниҳодоти аъзои гурўҳ то ҷаласаи навбатӣ, ки рўзи 27 феврал баргузор мегардад, ҳамаҷониба омўхта шаванд ва барои баррасӣ пешниҳод гарданд.
Ёдовар мешавем, ки гурўҳи якҷояи корӣ, ки фаъолияташро дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст, бо пешниҳоди Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҶТ ва бо мақсади мушаххас сохтани мақоми шабакаҳои мустақили телевизионӣ ба ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ таъсис ёфтааст.
Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ соли 2011 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳифзи манофеи ташкилоти мустақили радиотелевизионӣ ва продакшн-студияҳо мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






