Блаттер ба Тоҷикистон меояд

Февраль 20, 2014 09:48

Душанбе, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Президенти Федератсияи байналмиллалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер, ки 24-уми  марти соли равон бо сафари дурӯза вориди Душанбе мешавад, бозии “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанберо тамошо хоҳад кард. 
Тавре ки дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, ин дидор 25-уми марти соли равон барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад. 
Гуфта мешавад, ки Блаттер дар доираи ин сафар ҳамчунин ба соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон оғоз мебахшад. Маросими бошукуҳи оғози соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон 25-уми март дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ ҷашнвораи футбол барои кӯдакон аз рӯи барномаи “Grassroots” доир мегардад.
 
 
 

Февраль 20, 2014 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд