Боғи навбунёди Наврӯзгоҳ макони сайри наврӯзӣ
Душанбе, 25.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳ дар маросими ботантана ифтитоҳ мегардад, ки он барои сокинон ва меҳмонони пойтахт аз сӯи шаҳрдорӣ ҳадяи наврӯзист. Боғи мазкур дар масоҳати 12 гектар доман густурда, дар он ниҳолу дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии нодир шинонида шудаанд. Инчунин боғи навбунёди Наврӯзгоҳ дорои фаввораҳои муҳташам буда, аз саргаҳи боғ шаршара ҷорист, ки он боғро шодоб мегардонад. Боғи мазкур аз ҳисоби буҷаи шаҳри Душанбе бунёд шудааст.
Шавкат Саидов- сухангӯи шаҳрдори Душанбе дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамзамон дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт як силсила иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуда, инчунин санги асоси бархе аз биноҳои манзилию маишӣ гузошта мешавад. Ба истифода додани иншооти мухталиф дар остонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чӣ дар пойтахт ва чӣ дар миқёси кишвар ба ҳукми анъана даромадааст ва он бозгӯкунандаи раванди созандагию бунёдкорӣ дар кишварамон мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






