Чаро хонандагони мактабҳо муноқиша мекунанд?

Февраль 19, 2014 12:04

Душанбе, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Дар натиҷаи муноқишаи ду гурӯҳи хонандагони мактаби миёнаи пойтахт , ки дирӯз ба вуқӯъ пайваст, якчанд нафар ҷароҳат бардошта,  дар беморхона бистарӣ шуданд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 17 феврал, тахминан соати 18:20-дақиқа дар кӯчаи Маяковскии пойтахт ду гурӯҳи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 59 ва 32 аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро лату кӯб кардаанд. 
Дар натиҷаи ин бетартибиҳо аз ҳар ду гурӯҳ чанд нафар ҷароҳати гуногун бардоштаанд, аз ҷумла, ноболиғ Ҷовидон Одинаев, соли таваллудаш 1996 аз қисми шикамаш захми халандаю буранда бардоштааст. 
Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ноболиғон Иқболшои Ҳақназар, Убайдулло Мунавваров, Аҳлиддин Сангинов, Алиҷон Муъминов, соли таваллудашон 1997, Амриддин Камолов ва Сайёд Шоназаров, соли таваллудашон 1996, сокинони шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар амали авбошӣ дастгир намуданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Февраль 19, 2014 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад