Эътимод ба бонкҳо меафзояд

Февраль 13, 2014 09:24

Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-     Тибқи иттилои  масъулини шуъбаи минтақавии бонкҳои шаҳри Панҷакент  муҳоҷирони меҳнатии шаҳри мазкур дар соли сипаригашта  бештар аз 16 миллион доллари амрикоиро барои пайвандонашон интиқол доданд.
Ин рақам нисбат ба соли 2012 зиёдтар мебошад. Имрӯзҳо дар шаҳри Панҷакент баробари бонкҳои амалкунанда , марказҳои хизматрасонии нави бонкӣ кушода шудаанд, ки яке аз онҳо Маркази хизматрасонии «Соҳибкорбонк» мебошад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» масъулини «Агроинвестбонк» хабар доданд,  интиқоли маблағ бахусус аз мамолики бурунмарзӣ рӯй ба афзоиш дорад. 
 
 

Февраль 13, 2014 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш