Иштироки Р. Назаров дар ҷаласаи зиддимухаддиротӣ
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 24-25 феврал директори Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти ҶТ Рустам Назаров зимни сафари корӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Абикаев мулоқот намуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд. роҳбарони идораҳо оид ба рушди ҳамкории тарафайн мубодилаи афкор намуданд ва самтҳои афзалиятноки фаъолиятро дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муайян намуданд. Диққати махсус ба рушди вазъияти вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа пас аз хуруҷи Нерӯҳои байналмиллалии мусоидат ба амният аз Афғонистон дар соли 2014 равона шуд.
Тарафҳо ба якдигар оид ба вазъи баамаломада вобаста ба маводи нашъаовар дар кишварҳо иттилоъ доданд, нисбат ба рушди ҳамкории тарафайн байни Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мубодилаи афкор намуданд.
Дар чорчӯбаи сафари хизматӣ директори агентӣ 25 феврал дар шаҳри Алмаато дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои иштирокчии Маркази минтақавии иттилооти Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо иштирок намуд.
Дар кори ҷаласа инчунин аъзои шӯро аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят дар Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






