Кадом қишри ҷомеаро ба созмонҳои террористӣ ҷалб мекунанд?
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тайи ду соли охир аз ҷониби мақомоти амнияти миллии ҷумҳурӣ далелҳои ҷалбу сафарбаркунии шаҳрвандони тоҷикистонӣ ба сафи созмону гурӯҳҳои мухталифи террористӣ дар қаламрави Сурия ба қайд гирифта шудаанд. Контингенти мазкур аз ҷониби эмиссарони хориҷӣ аз миёни қисмати аз нигоҳи идеологӣ осебпазири муҳоҷирини меҳнатии тоҷикистонӣ дар қаламрави Русия, аксаран аз миёни собиқ хатмкардаҳои мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Сурия ва аз ҳисоби сокинони ҷудогонаи дохили ҷумҳурӣ интихоб ва сипас бо баҳонаи гирифтани таҳсили исломӣ тариқи масирҳои маълуми кишварҳои ҳаммарз ба Сурия ғайриқонунӣ сафарбар карда мешаванд.Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз ҷумла шаҳрванд Муъминов Баҳриддин Файзалиевич, соли таваллудаш 1989, дар деҳаи Ҳулбуки ҷамоати Тагиҷари ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст, оиладор, маълумоташ миёна, сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҷараёни таҳсили диниаш дар Сурия зери таъсири таблиғоти ҷиҳодии фаъолони гурӯҳҳои террористии муқими ин кишвар қарор гирифта, дар муҳорибаҳои ҷангӣ ва амалиётҳои террористии ин созмонҳо алайҳи ҳукумати конститутсионии Сурия ширкат варзидааст.Бояд тазаккур дод, ки Баҳриддин Муъминов аз овони хурдӣ дар муҳити динӣ ба воя расида, таълимоти ибтидоии диниро дар назди руҳониёни маҳаллӣ зери таъсири волидайнаш гирифтааст. Баъдан тасмим гирифтааст, ки дар марказҳои динии хориҷӣ таҳсилашро давом диҳад.Ҳамин тавр, соли 2010 Баҳриддин Муъминов дар 21- солагӣ бо мақсади гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ, тариқи хатсайри ҳавопаймои Душанбе-Истамбул ва аз он ҷо ба воситаи автобус ба шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Сурия сафар намудааст. Баҳриддин Муъминов ва якчанд ҳаммаслакони ӯ аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷикистонии машғули таҳсил дар Донишгоҳи «Маъҳат дували-ул-улуми араби»-и Сурия моҳҳои октябр-ноябри соли 2011 ва феврали соли 2012 дар ҳайати созмони террористии «Ҷабҳат-ун-Нусра» дар муҳорибаҳои ҷангӣ зидди нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматии Сурия фаъолона иштирок намуданд. Вобаста ба сатҳи иштирок дар амалиётҳо ба Баҳриддин Муъминов ва шариконаш маблағи муайян пардохт мегардидааст. Чанд нафар аз ҳамсафони Баҳриддин дар ин амалиётҳо кушта шуданд.«Ҷабҳат-ун-Нусра» аз моҳи январи соли 2012 ҳамчун созмони террористӣ шинохта шуда, қаноти суриягии ташкилоти байналмилалии террористии «Ал-Қойида» маҳсуб меёбад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёри ҳолатҳо ангезаҳои эътиқодӣ, рӯҳию равонӣ ва иҷтимоӣ шаҳрвандони мутаасиби ҷумҳуриро «водор» мекунад, ки худашон ё фарзандону наздикашонро барои иштирок дар чунин ҷангҳо сафарбар намоянд. Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷиистон аз 18 декабри соли 2013 шаҳрванд Муъминов Баҳриддин Файзалиевич бо дастрасии моддаи 187 қисм 2-и КҶ ҶТ аз озодӣ маҳрум карда шуд.«Тавре шоҳид гаштем, афроди алоҳида дар мисоли маҳкумшуда Баҳриддин Муъминов ба ҷойи пеш бурдани зиндагии шоистаи ҷавонӣ ва дарёфти мақоми шахсӣ дар ҳаёт, дар сар фикру андешаи ботил ва саргумсозандаи тақдирро бо ангезиши мафкураи иғвогаронаи ширкат дар ҷиҳод мепарваранд. Вале оё иқдомҳои мазкур ба ахлоқи як ҳизби сиёсӣ, ки рисолаташ талқини дин аст, мувофиқат мекарда бошанд? Ин ҳолат изҳороти роҳбарони баъзе аз аҳзоби сиёсии кишварро, ки даъво доранд аъзоёнашон доимо таҳти назорат қарор гирифта, ҷиноят содир намекунанд, зери суол мебарад», — таъкид менамояд манбаъ.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






