“Меъмори сулҳ” дар намоишгоҳи Брюссел

Февраль 26, 2014 15:42

Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Тоҷикистон бори аввал дар Намоишгоҳи китоби нашрияҳои фаронсавии забони байналмилалии Брюссел аз 20 то 24 феврали соли 2014 ширкат варзид.
 Дар гӯшаи Тоҷикистон як доираи васеи адабиёт оид ба мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, илмӣ-оммавӣ ва тасвирӣ, махсусан ба забони фаронсавӣ, ки дар давоми ду соли охир аз ҷониби намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Брюссел ба нашр расид, муаррифӣ гардид.
24 феврали соли ҷорӣ Рӯзи махсуси муаррифии Тоҷикистон сурат гирифт, ки зимни он ба иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ маълумот дар бораи Тоҷикистон, таърих, сиёсат, фарҳанг ва имкониятҳои ҷаҳонгардӣ пешниҳод гардид.
 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев дар бораи ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, татбиқи барномаҳои созанда, иқтидори иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, саноатӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва туристии давлат иттилоъ дод. 
 Профессори Донишгоҳи Лювени Белгия Александр Тоуроветс ба забони фаронсавӣ дар бобати меҳмондӯстӣ, фарҳанги ғанӣ, санъати миллати тоҷик суҳбат кард.
Профессор Александр Тоуроветс китоби “Меъмори сулҳ”-ро ба забони фаронсавӣ, ки ба нақши тақдирсоз ва таърихии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ, барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии он, ваҳдат, субот ва гулгулшукуфоӣ дар кишвар, гузаронидани ислоҳоти самараноки сиёсию иқтисодӣ, пешбурду ҳимояи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ тавассути татбиқи сиёсати “дарҳои кушода” бахшида шудааст, муаррифӣ намуд. 

Февраль 26, 2014 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш