Муҳокимаи масъалаи иди Наврӯз

Февраль 12, 2014 13:40

Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имсол дар шаҳри Маскав 19 ҷамоаи миллӣ дар маросими ташкилу доир намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок менамоянд. Роҳбари Маркази фарҳанги тоҷикон Хуршеда Ҳамроқулова дар ҷараёни машварати гурӯҳи корӣ оид ба фарҳанги Шӯрои умури миллатҳои назди Ҳукумати шаҳри Маскав дар ин бора хабар дод.
Мувофиқи суханони номбурда, бинобар афзудани теъдоди иштироккунандагон ба барномаи анъанавӣ ислоҳот ворид карда мешавад. Масалан, барномаи умумии консертии ҳамаи ҷамоаҳо, намоишгоҳҳои санъати амалию тасвирии миллӣ ва китоб таҳия мегардад.

Февраль 12, 2014 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш