Муаррифии «Таърихи халқи тоҷик» дар АИТ
Душанбе, 18.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон нашри асари «Таърихи халқи тоҷик»-ро дар шаш ҷилд бо забони русӣ зери назари академик Раҳим Масов ба анҷом расонид.
Бахшида ба ин дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби мазкур доир гардид, ки дар он олимону академикҳо ва таърихшиносони донишгоҳҳову донишкадаҳо иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Раҳим Масов, ки таҳти роҳбарии ӯ китоби мазкур аз чоп баромадааст, гуфт, ҷилди шашуми китоб, ки солҳои 1944 ва 2010-умро дар бар мегирад, то охири сол бо забони англисӣ ба дасти хонандагони хориҷӣ хоҳад расид.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки тарҷумаи китоби «Таърихи халқи тоҷик» дар шаш ҷилд аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ низ дар назар дошта шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






