Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Эрон

Февраль 14, 2014 18:20

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпурро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи гуногунҷанба ва ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои рушду густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки ду кишвар дар бахшҳои гуногун зоҳир гардид.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва дигар масоили минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.

Февраль 14, 2014 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш