Мусобиқаи тирандозӣ миёни сарбозон

Февраль 20, 2014 15:01

Душанбе, 20.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз дар толори варзишӣ-тирандозии Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи кишвар мусобиқаи тирпарронӣ миёни сарбозони қисмҳои ҳарбии мақомоти қудратӣ баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ дастаҳои варзишии Вазорати мудофиа, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Горди миллӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Бригадаи 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иштирок намуда, миёни ҳам барои ба даст овардани ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон рақобат карданд. 
Ғолибони чорабинӣ бо диплому туҳфаҳои кумита пагоҳ, 21-уми феврал дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно», ки дар ин ҷо бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ маҷлиси тантанавию фарҳангӣ бо иштироки масъулини кумита,  афсарону сарбозони мақомоти қудратии кишвар доир мегардад, сарфароз хоҳанд шуд.

Февраль 20, 2014 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад