Мусодираи маводи мухаддир

Февраль 18, 2014 10:53

Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонзода).- Кормандони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ беш  аз   10  килограмм  маводи  мухаддирро  мусодира  намуданд. 
 
Тавре  ки  аз  Вазорати  корҳои  дохилии  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  ҷараёни  чорабиниҳо  дар  ҳудуди  ҷумҳурӣ  чор  нафар   шаҳрвандони   кишвар бо   гумонбарии  қочоқи  маводи  нашъаовар  дастгир  шуданд.
 
Аз  ҷумла,  кормандони  милиса сокини   ноҳияи  Рӯдакиро  дастгир  намуда,  аз  номбурда  6  килограмму  300  грамм  ҳашишро   мусодира  карданд.
 
Як  нафар  сокини  ноҳияи  Ёвон   дар  ҳудуди   ноҳияи  Шомансури  пойтахт  дастгир  шуда,  аз  ӯ  2,5  килограмм  ҳашиш  мусодира  гардид.
 
Миқдори  умумии  маводи   мусодирашудаи  мухаддир  10  килограмму  371  граммро  ташкил дод. 
 
Аз  рӯи  ҳодисаҳои   зикршуда  парвандаҳои  ҷиноӣ   кушода шудааст. 
 

Февраль 18, 2014 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад