Нуқтаҳои бақайдгирии довталабон муайян гардид

Февраль 14, 2014 09:23

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Бо фармони Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 муайян гардида, рӯйхати онҳо тасдиқ шуд. Гуфта мешавад, ки тибқи фармоиши вазир дар маҷмӯъ 20 нуқтаи бақайдгирӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 нуқта, дар вилояти Суғд 6 нуқта, дар вилояти Хатлон 6 нуқта ва дар ВМКБ 1 нуқта барои сабти номи довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ муайян гардид.Мавриди зикр аст, ки 1-уми март давраи бақайдгирии довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар оғоз шуда, то 15-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад.Дар ин бора Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ хабар дод.

Февраль 14, 2014 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад