Оқибатҳои барфи зиёд бартараф мешаванд
Кӯлоб, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бориши барфи зиёд ва сардии ҳаво дар ҳафтаи гузашта кори кормандони соҳаи коммуналиро душвор намуд. Дар ин рӯзҳо кормандони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо, муассисаҳои ободонию кабудизоркунӣ ва шабакаҳои барқӣ навбатдории шабонарӯзи ташкил намуда, роҳҳоро аз барф тоза ва ҳаракати мунтазами нақлиётро таъмин карданд. Ба иттилои Субҳон Усмонов, сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб як қисми сокинони ноҳияи Кӯлоб ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз бориши зиёди барф хисорот диданд. Дар ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб боми фермаи хоҷагии деҳқонии «Бахт» ва боми корхонаи коркарди пахтаи «Зарҳам» низ фурӯ рафт ва мутахассисон зарари аз офати табиӣ расидаро ҳисоб доранд.Дар баъзе мавзеъҳои ноҳияи Кӯлоб баландии барф то 70 сантиметрро ташкил медиҳад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






