Озмун барои ишғоли вазифаҳо дар Хадамоти гумрук
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумрук ба вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН
Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳукуқвайронкуниҳои гумрукӣ:
шӯъбаи ташкили мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар — нозир
— нозири калон;
Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит:
шӯъбаи назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит
— нозир;
шӯъбаи ташкили идораи таваккал
— нозир.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
шӯъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:
— нозир; шӯъбаи ташкили назорати гумрукӣ:
— нозири калон;
дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони гумруки «Майдони ҳавоӣ»:
— нозири калон – 4 воҳид;
— нозир – 5 воҳид;
— нозир-гинеколог -3 воҳид;
дидбонгоҳи гумрукии барасмиятдарории борҳои гумруки «Майдони ҳавоӣ»:
— нозири калон.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
шӯъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳукуқвайронкуниҳои гумрукӣ:
— нозир;
шӯъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:
— нозири калон;
дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаобод»:
— нозири калон;
— нозир-кинолог;
дидбонгоҳи гумрукии «Заводи алюминий»:
— нозир.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
дидбонгоҳи барасмиятдарории мол ва воситаҳои нақлиёти гумруки Панҷи Поён:
— нозири калон;
гурӯҳи ташкили пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии гумруки Панҷи Поён:
— нозири калон.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
гурӯҳи зудамали шӯъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳукуқвайронкуниҳои гумрукӣ:
— нозир – 5 воҳид;
— нозири калон – 5 воҳид;
шӯъбаи ташкили назорати гумрукӣ:
— нозир;
— нозири калон;
шӯъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:
— нозири калон;
— нозир;
гумруки «Майдони ҳавоӣ»:
— нозир — 3 воҳид;
дидбонгоҳи гумрукии «Минтақаи озоди иқтисоди»-и гумруки Хуҷанд:
— нозир;
дидбонгоҳи гумрукии Конибодоми гумруки роҳи оҳани Ғафуров:
— нозири калон;
дидбонгоҳи гумрукии «Равот»-и гумруки Конибодом:
— нозир;
дидбонгоҳи гумрукии «Патар»-и гумруки Конибодом:
— нозир;
дидбонгоҳи гумрукии «Уротеппа»-и гумруки Истаравшан:
— нозир;
дидбонгоҳи гумрукии «Фармонқурғон»-и гумруки Спитамен:
— нозири;
— нозир калон;
гумруки Мастчоҳ:
— нозир.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВМКБ:
шӯъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:
— нозири калон;
шӯъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзӣ:
— нозир;
дидбонгоҳи гумрукии «Кулма»:
— нозири калон;
— нозир;
дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и Мурғоб:
— нозир;
дидбонгоҳи гумрукии Ишкошим:
— нозири калон.
1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони вазифаҳои номбурда ва пардохти музди меҳнат:
— синну сол то 35;
-таҳсилоти олӣ-касбии ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ ва фаъолияти гумрукӣ;
-донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад); — қобилияти кор бо технологияи иттилоотиии замонавӣ. Маоши вазифавӣ аз рӯи басти кории кормандони мақомоти гумрук:
-нозир 517 сомонӣ ва нозири калон- 632 сомонӣ дар Дастгоҳи марказӣ;
— нозир 494 сомонӣ ва нозири калон 609 сомонӣ дар Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ;
-нозир 483 сомонӣ ва нозири калон 598 сомонӣ дар гумрукҳои Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ;
-нозир 471 сомонӣ ва нозири калон 586 сомонӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукии Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ.
Илова ба он маош барои рутбаи махсус ва иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ. 2.Довталабон бояд дорои одоби хуби муносибат ва муошират буда, бо сифатҳои ахлоқӣ, кордонӣ, касбӣ ва вазъи саломатии худ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошта бароянд.
3.Довталабон оид ба Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук, метавонанд аз сомонаи (Веб-сайт) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.customs.tj маълумот дастрас намоянд.
4.Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
— ариза ба номи Роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ;
— тарҷумаи ҳол;
— пурсишнома (анкета);
— сурати 3х4 (2-дона) ва 9х12 (2-дона);
— нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
— ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти касбӣ;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надошта бошад);
— нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;
— тавсифнома аз ҷои кори охирин (омӯзиш);
— тавсияҳо, тақризҳои ташкилотҳо ва шахсони холис;
-дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
5.Ҳуҷҷатҳо аз тарафи Раёсати кадрҳо, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои махсуси Хадамоти гумрук дар мӯҳлати то 14 рӯз баъди чопи эълон қабул карда мешаванд. Суроға: шаҳри Душанбе кӯчаи Бухоро- 50/1, бинои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ:
221-75-33; 221-22-35








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






