Пешравиҳои назарраси сохтмончиён дар ноҳияи Айнӣ

Февраль 15, 2014 10:29

    Айнӣ, 15.02.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ). -Тайи солҳои охир дар ноҳияи Айнӣ сохтмонҳои маъмурию иҷтимоӣ вусъати тоза меёбанд. Тавре ки сардори шуъбаи сохтмон ва меъмории ноҳия Одил Одилов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, тӯли соли равон аз тарафи ин шуъба 309 аризаи шаҳрвандон баррасӣ шуд. Аз ҷумла , ба 259 барои гирифтани қитъаи замин ва ба 9 нафар барои оғози сохтмони хона иҷозат дода шуд.
   Дар соли 2013 ба маблағи 333 ҳазору 120  ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию пудратӣ ба иҷро расиданд, ки иҷрои он нисбат ба давраи муқоисавӣ 5045,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
   Бо маблағҳои ҷудонамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони мактаби деҳаи Вота барои 160 ҷой бо маблағи 518 ҳазор сомонӣ, бинои беморхонаи деҳаи Шаватки Боло бо маблағи 568 ҳазор сомонӣ, пули деҳаи Утогар бо маблағи 251,1 ҳазор сомонӣ  навсозӣ гардид.
  
 

Февраль 15, 2014 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд