Пирӯзии итолиёиҳо ҷиҳати сохтмони «Аквапарк»-и Душанбе
Душанбе, 13.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар оянда сохтмони нотамоми «Аквапарк»-и Душанберо ширкати итолиёвии «Preston & Barbieri», ки ғолиби озмуни байналмилалии эълоннамудаи шаҳрдории Душанбе оид ба дарёфти интихоби беҳтарин лоиҳа ва пудратчии асосии иншооти мазкур гардидааст, ба анҷом расонад. Дар ин росто дар Душанбе мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев -шаҳрдори Душанбе бо Франческо Феррарӣ -ноиби президенти ширкати итолиёвии «Preston & Barbieri» баргузор гардид. Дар мулоқот раиси шаҳр изҳори боварӣ намуд, ки идомаи сохтмони иншооти нотамоми «Аквапарк» дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ва дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён хоҳад гирифт.
Зимни мулоқот ҳамзамон масоили тавсеаи ҳамкории шаҳрдории Душанбе бо ин ширкати итолиёвӣ дар мавриди таҷҳизонидани боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт аз зарфият ва имконоти ширкати мазкур матраҳ гардид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






